Дар Тоҷикистон зиёда аз 880 ҳазор рақам то ҳол бо шиносномаи ID корт ба қайд гирифта нашудааст
ДУШАНБЕ, 30.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон дар Тоҷикистон бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, намунаи соли 1996 882 ҳазору 774 рақам фаъол буда, то ҳол бо намунаи соли 2014 (ID корт) ба қайд гирифта нашудаанд. Дар ин хусус муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев 30 январ дар нишати матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Мавсуф тазаккур дод, ки бо мақсади дар сатҳи дахлдор ва муқарраршуда иҷро намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2022 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» Хадамоти алоқа дар ҳамкорӣ бо операторони алоқаи мобилӣ то ба имрӯз чорабиниҳои азнавбақайдгирии симкортҳои алоқаи мобилиро бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, намунаи соли 2014 дар ҳаҷми 6 миллиону 213 ҳазору 028 симкорт ба қайд гирифтааст. Аз ҷумла, 5 миллиону 558 ҳазору 993 рақам бо ID-корти муштариён фаъол мебошанд. Ин нишондиҳандаи азнавбақайдгирӣ моҳи декабри соли 2022 66 822 адад симкортро дар бар мегирифт.
Дар айни замон истифодабарандагони алоқаи мобилие, ки то ҳол симкортҳояшон бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, намунаи соли 1996 дар фаъолият мебошанд ва тибқи Тартиби мазкур азнавбақайдгириро нагузаштаанд, 2 миллиону 015 ҳазору 778 рақам (аз ин фаъол — 882 ҳазору 774 рақам) мебошанд.
Шумораи муштариёни умумии алоқаи маҳаллӣ 273 ҳазору 159 нафарро ташкил дода, аз онҳо 39 ҳазору 475 адади он фаъол мебошад.
Шумораи истифодабарандагони Интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва маҳаллӣ 4,5 млн нафар муштариро ташкил медиҳад.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», барои аз нав ба қайд гирифтани SIM-кортҳои алоқаи мобилӣ дар асоси шиносномаи ID, намунаи соли 2014 Хадамоти алоқа барои ба номи як шахс ба расмият даровардани на зиёда аз ду симкорт дар ҳамаи операторони хизмати алоқаи барқӣ ва азнавбақайдгирии симкортҳои шахсоне, ки шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, намунаи соли 2014-ро надоранд, то 15 феврали соли 2023 чораҷӯӣ менамояд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад
Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
«ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Оид ба ин мавзуъ даври омӯзишӣ оғоз гардид
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад






