Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иди Сада бошукӯҳ таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ, 28.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба иди Сада дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чорабинии бошукӯҳ доир гардид. Меҳмонон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои дастӣ, ки аз ҷониби аҳли заҳмат ба намоиш гузошта шуда буданд, дидан намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.
Дар чорабинӣ тазаккур дода шуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусҳои неки фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои фарҳангию суннатии ниёгонамон, ки таърихи зиёда аз панҷҳазорсола доранд, аз нав эҳё гардида, дар ҳаёти мардуми соҳибфарҳангу тамаддунофари тоҷик мавқеи шоиста ва ҷойгоҳи махсус касб намудаанд.
Яке аз чунин суннатҳои хоси мардуми ориёитабор ва ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик Сада маҳсуб ёфта, таҷлили он ҳамасола дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст.
Ба таъкиди донишмандон, Сада мисли Наврӯзу Меҳргон аз ҷашнҳои миллӣ ба шумор рафта, онро ҳар сол мардуми тоҷик бо як шукӯҳу ҷалоли хоса ҷашн мегиранд.


Сада — ин пирӯзии рӯшанӣ бар зулмот, гармӣ бар сардӣ, некӣ бар бадӣ буда, панҷоҳ шабонарӯзро то фарорасии Наврӯз дар бар мегирад. Яъне, Сада аз наздик омадани фасли баҳор ва фарорасии Наврӯзи оламафрӯз мужда мерасонад.
Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сада дар Тоҷикистон расман ҳамасола 30 январ ҷашн гирифта мешавад. Зеро рӯй овардан ба гузаштаи пурғановати ниёгон ва сабақ бардоштан аз дурдонаҳои бебаҳои фарҳангии гузаштагонамон амали хайрест, ки дирӯзу имрӯз ва фардоро ба ҳам тавъам месозад.
Бархе аз кишоварзон ва собиқадорони соҳаи кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон бо «Ифтихорнома» қадрдонӣ карда шуданд.
Дар идома барномаи рангини аҳли санъату фарҳанги вилоят манзури меҳмонони чорабинӣ гардонда шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Имрӯз дар Душанбе Рӯзи фарҳанги шаҳри Норак, ноҳияҳои Фархор, Ёвон ва Мастчоҳ доир мегардад
Пагоҳ Рӯзи фарҳанги шаҳри Норак, ноҳияҳои Фархор, Ёвон ва Мастчоҳ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷикфилм» истеҳсоли се филми пурраметражи ҳунариро ба анҷом расонид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кумитаи забон ва истилоҳот фаъолияти 75 ташкилотро мавриди санҷиш қарор дод
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали байналмилалии Ярослав соҳиби се ҷоиза шуд
Бо мақсади муаррифии васеи Тоҷикистон як зумра филмҳои мустанад ба забони англисӣ тарҷума ва дубляж гардиданд
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Истаравшан, Норак ва ноҳияҳои Фархор, Носири Хусрав, Ёвон, Мастчоҳ ва Дӯстӣ доир мегарданд
«Харитаи хатсайри Шӯриши Восеъ» ба ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ мусоидат менамояд
Корҳои тармиму барқарорсозӣ дар ёдгориҳои Қалъаи Муъминобод, Қалъаи Кӯлоб ва қасри Ҳокими Ҳисор идома доранд
Дар Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид
Бо иштироки олимони бостоншинос филми мустанади «Хутали қадим» таҳия гардид
Дар Тоҷикистон 6 агентии иттилоотӣ, аз ин 1 давлатӣ ва 5 мустақил фаъолият доранд






