ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон дар машғулияти CAFA иштирок доранд

Январь 27, 2023 09:54

ДУШАНБЕ, 27.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Панҷ довар аз Тоҷикистон дар машғулияти доварони Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар Тошканд иштирок доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Тоҷикистонро дар ин машғулият доварони ФИФА Насрулло Кабиров, Сайёдҷон Зайниддинов, Абдулло Давлатов, инчунин Нодира Мирзоева ва Наталя Сотникова намояндагӣ мекунанд.
Сардори департаменти доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Абдуллоев дар машғулияти доварони Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ба ҳайси фитнес-инструктор фаъолият дорад.

Дар доираи машғулияти доварӣ дарсҳои назариявӣ ва амалӣ гузаронида мешаванд.

Акс: ФФТ

Январь 27, 2023 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид