ХАБАРИ ХУШ! Шоираи тоҷик Хосият Вализода бо Сипосномаи Ассамблеяи халқҳои Авруосиё қадрдонӣ гардид
ДУШАНБЕ, 17.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Перми Федератсияи Россия Форуми кушодаи дӯстӣ баргузор гардид, ки дар он шоираи тоҷик Хосият Вализода бо Сипосномаи Ассамблеяи халқҳои Авруосиё сарфароз гардонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба рӯзномаи «Кулябская правда».
Шоираи тоҷик, раиси бахши Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Кӯлоб, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Армуғони сулҳ» Хосият Вализода барои саҳми назаррас дар таҳкими ҳамкории фарҳангӣ — гуманитарӣ ҷиҳати дастгирии бахши «Дипломатияи халқӣ: таҷриба ва дурнамо» қадрдонӣ шудааст.
Шоира Хосият Вализода дар самти тарғиби сулҳу оромӣ саъю кӯшиш намуда, нерую шаҳди эҷоду эъҷози нобаш тароватбахшу таъсиргузор ва руҳафзо ба ҳаёти осоиштаи мардумони сайёра мебошад.
Хосият Вализода 8 марти соли 1950 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлонидар оилаи шоири халқӣ ва ҳофизи мардумӣ Саидалӣ Вализода ба дунё омадааст.

Ӯ факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлобро хатм кардааст. То соли 1980 дар мактаби миёнаи №5-и шаҳри Кӯлоб омӯзгор ва аз соли 1980 директори хона-музеи С.Вализода буд.
Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, муаллифи чандин маҷмӯаи ашъор, аз ҷумла «Идомаи роҳ», «Такягоҳи хуршед», «Саломи субҳ», «Вафодорӣ», «Зодгоҳи манн, Тоҷикистон», «Муҳаббати фаровон» мебошад, бархе шеърҳояш ба забонҳои русӣ (дар маҷаллаи «Форум», 4, 2015), узбекӣ ва украинӣ тарҷума шудаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ашт баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Восеъ баргузор шуд
Дар Рӯзи фарҳанги ноҳияи Вахш дастовардҳои давоми соҳибистиқлолӣ муаррифӣ гардид
Осорхонаи миллӣ дар Тоҷикобод намоиши сайёри осорхонавӣ ташкил намуд
БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ. Он барои такмили фаъолияти китобхонаҳо ва беҳтар шудани хизматрасонии китобдорӣ замина фароҳам меорад
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон, Истиқлол ва ноҳияҳои Вахш, Восеъ ва Ашт доир мегардад
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Дастнависҳо – мероси фарҳангии миллат» ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ доир шуд
Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Тоҷикистон «Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот барои солҳои 2027–2031» амалӣ мешавад
Дар Осорхонаи миллӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ҳамоиш баргузор гардид
Дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоишномаи «Бобоҷон Ғафуров» нахустин маротиба пешниҳод гардид






