Ҳушдори Вазорати корҳои дохилии ҶТ ба ронандагон: бе таъмини сӯзишвории дизелии зимистона ва хушсифат ба роҳ набароед!

Январь 18, 2023 11:54

ДУШАНБЕ, 18.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати роҳбарони муассисаҳои нақлиётӣ ва ронандагони мошинҳои боркаш мерасонад, ки ҳангоми сафар ба минтақаҳои дорои ҳавои сарди шадид бе таъмини сӯзишвории дизелии махсуси зимистона ва хушсифат ба роҳ набароянд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.

Ҳафтаи охир бинобар паст шудани ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои гуногуни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сабаби аз тарафи баъзе ронандагон истифода намудани сӯзишвории дизелии тобистона ва пастсифат мошинҳо ях карда, дар роҳ банд мондаанд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии «Тоҷикстандарт» хабар дода буд, имрӯзҳо дар бозори истеъмолии дохилии Тоҷикистон баъзе соҳибкорон навъҳои пастсифату ғайристандартии моеи зиддисардӣ, ба истилоҳ «Антифриз»-ро ба харидорон пешниҳод мекунанд, ки бар зарарари истеъмолкунандагонанд.

«То ҳол соҳибкороне ҳастанд, ки маҳсулоти серталаботро тақаллубкорӣ карда, ба шакли он монанд маҳсулот истеҳсол мекунанд, вале ба сифату таркиби он аслан аҳамият намедиҳанд. Чораҷӯиҳои вақтҳои охир ва санҷишҳои озмоишгоҳӣ маълум карданд, ки дар баъзе аз ин намуди маҳсулот ба ҷуз об ва моддаи рангкунанда дигар чизе мавҷуд нест, ҳол он ки таркиби моеи «Антифриз» танҳо аз об, спирти 2-атомаи этилингликол ва маводи рангкунанда иборат аст», — омадааст дар муроҷиатномаи агентӣ.

Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҳавои хунук дар мамлакат то 25 январ идома меёбад.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 18, 2023 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Беш аз 60 миллион сомонӣ барои ҳифзи минтақаҳои осебпазир ҷудо гардид
Дар Хатлон мубориза бар зидди зуҳуроти номатлубу хатарнок пурзӯр карда мешавад
ФАРЗАНДОНРО АЗ ТАҲСИЛ МАҲРУМ НАКУНЕД! Дар Душанбе беш аз 40 ҳолати монеъ шудан ба таҳсил ошкор карда шуд
Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд