«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!» Таҳти ин унвон дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир карда мешавад
ДУШАНБЕ, 17.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 17 то 22 феврал дар шаҳри Душанбе бо қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Фестивали сеюми дӯстии афсарону сарбозони пойтахт таҳти унвони «Барои давлату миллатам содиқона хизмат мекунам!» бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Вобаста ба баргузории фестивал дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷаласаи Кумитаи тадорукот баргузор гардид. Дар он масъалаҳои омодагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани фестивали мазкур баррасӣ карда шуданд.
Инчунин дар ҷаласа доир ба масъалаҳои омодагии муташаккилона ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳисоботи раисони комиссияҳои даъват дар нохияҳои шаҳри Душанбе ва аъзои Комиссияи шаҳрии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ шунида шуд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Дар Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 19 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳо дар ду марҳилаи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» пурра ба анҷом расидаанд
Дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард






