Дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 50 нафар наҷотдиҳандагон ба Туркия мераванд

Февраль 7, 2023 15:23

ДУШАНБЕ, 07.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 50 нафар наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои заминларза ба Ҷумҳурии Туркия мераванд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, наҷотдиҳандагони тоҷик барои расондани ёрӣ ҷиҳати рафъи окибатҳои заминларзае, ки дар Ҷумҳурии Туркия рӯй дод, бо маҷмӯи таҷҳизоти махсуси наҷотдиҳӣ фиристода мешаванд.

Гурӯҳи мазкур аз наҷотдиҳандагони баландихтисос, ҷарроҳ ва духтур — травматолог (шикастабанд) иборат аст.

Якҷоя бо гурӯҳи наҷот аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакҳои башардӯстонаи зарурии аввалин низ фиристода мешаванд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 7, 2023 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!
Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд