Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон 22 ихтисоси нав ба роҳ монда мешавад

Февраль 8, 2023 16:02

ДУШАНБЕ, 08.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода тасмим гирифтааст, ки дар оянда дар зинаҳои гуногуни таҳсил 22 ихтисоси нав роҳандозӣ намояд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон роҳбари ин муассиса иттилоъ дод.

Ректори Донишгоҳи мазкур Жило Гулназарзода тазаккур дод, ки имрӯзҳо ин муассисаи олии мамлакат мутахассисонро аз рӯйи 11 забон ва 31 ихтисос дар зинаи бакалавриат, 5 ихтисос дар зинаи магистратура ва 5 ихтисос дар зинаи докторантура бо касбҳои ба бозори меҳнат рақобатпазир омода менамояд.

“Шумораи умумии донишҷӯён дар маҷмӯъ 5056 нафарро ташкил медиҳад, ки донишҷӯёни шакли рӯзонаи Донишгоҳ 3256 нафар ва шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ 1800 нафар мебошанд. 3606 нафари онҳо ё ин ки 71,3% духтарро ташкил медиҳанд. Таҳлилҳои омории соли охир нишон дод, ки динамикаи афзоиши шумораи донишҷӯён ба назар расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 3,7%, ё ин ки 190 нафар зиёд гардидааст”,- гуфт номбурда.

Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ донишгоҳро 932 нафар, аз ҷумла, 17 нафар бо дипломи аъло хатм намуданд.

Ҳамзамон дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки Раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати сафарбар намудани донишҷӯён ба таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ ва тарҷумонӣ бо 8 шуъбаи маориф, 26 муассисаи таълимии миёна, литсейҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва 14 корхонаву ташкилот шартномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расонид.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 8, 2023 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон сифати таҳсил баланд арзёбӣ мегардад, вале қонеъкунанда нест
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хатлон 341 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода мешавад
Барои такмили ихтисоси мураббиёну омӯзгорон фаъолияти таълимӣ аз рӯйи низоми модулӣ оғоз гардид
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Носири Хусрав фарогирии кӯдакон ба муассисаи томактабӣ 3,2 фоиз зиёд гардидааст
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Малакаи котибони озмун барои кор бо портали электронӣ такмил дода мешавад
Хонандагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи сеюми байналмилалӣ аз фанни зеҳни сунъӣ ду медал ба даст оварданд
Дар ноҳияи Кӯшониён 21 Маркази рушди инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар Тоҷикистон ба як омӯзгор 18 хонанда рост меояд
Хонандагони фаъоли пойтахт дар истироҳатгоҳи тобистонаи беруназшаҳрии «Шарора» таътили босамар мегузаронанд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Хуросон сохтмони иншооти соҳаи маориф вусъати тоза гирифтааст
Маркази миллии тестӣ гурӯҳи ихтисосҳои серинтихобро номбар намуд