ДАСТГИРИИ НИЁЗМАНДОН. Ба беш аз 200 ҳазор нафар нафақагирон кумакҳои яквақта пардохт карда шуданд
ДУШАНБЕ, 07.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба зиёда аз 240 ҳазор нафақагирон ба маблағи 144, 2 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ кумакҳои яквақта пардохт карда шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода иттилоъ дод.
«Маблағи мазкур бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2022 «Дар бораи пардохти кумаки яквақта ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ» ба нафақагирони гурӯҳҳои осебпазир, аз ҷумла гирандагони нафақаи иҷтимоӣ, маъюбон, кӯдакони ятим ва бе саробон расонида шуд»,-иброз дошт директори агентӣ.
Зимни нишасти матбуотӣ тазаккур дода шуд, ки дар ҷумҳурӣ 763 ҳазору 333 нафар нафақагирон зиндагӣ мекунанд, ки теъдоди онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 ҳазору 516 ё 1,8 фоиз бештар гардидааст. Талаботи моҳонаи нафақа дар як моҳ 257,7 млн сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,3 млн сомонӣ ё 2,1 дарсад афзоиш ёфтааст.
Гуфта шуд, ки дар ҷумҳурӣ аз шумораи умумии нафақагирон 159 ҳазору 146 нафарро нафақагирони маъюб ташкил медиҳанд. Теъдоди онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1367 нафар ё 0,9 фоиз зиёд шудааст.
Дилмурод Давлатзода иброз намуд, ки барои пардохти нафақаи нафақагирони маъюб дар як моҳ 51,9 млн сомонӣ пардохт карда мешавад ва ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 325, 84 сомонӣ баробар аст.
Ёдовар мешавем, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23 декабри соли 2022 таъкид карда шуд, ки дар панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 19 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2022 4,3 миллиард сомонӣ равона карда шуд.
«Дар баробари ин то охири соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди мамлакат, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда мешавад ва ба ин мақсад 285 миллион сомонӣ равона мегардад»,-иброз доштанд Президенти Тоҷикистон.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Имсол дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» 720 нафар кӯдакону наврасон таътили худро босамар мегузаронанд
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Имсол 1000 нафар кӯдаку наврас ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» ҷалб мегарданд
Дар Тоҷикистон даври сеюми Форуми коршиносони Осиёи Марказӣ — Корея доир мешавад
Дар Душанбе маъракаи хунсупории шаҳрвандон доир гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Ташкилоти ғайридавлатии «Good Neighbors» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Чин дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон беморони диабети қанд метавонанд инсулини ройгон дастрас намоянд
Иштирокдорони Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ дараи Алмосӣ ва Қалъаи Ҳисорро тамошо карданд
Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ зери унвони «Ҳизбҳои сиёсӣ ва уфуқҳои нави ҳамкорӣ» доир гардид
АБУАЛӢ ИБНИ СИНО — МУТАФАККИРИ БУЗУРГИ ШАРҚ, ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
Оқибатҳои офатҳои табиӣ дар мавзеъҳои хатарноки роҳҳои минтақаи Рашт бартараф карда шуданд
Табибони тоҷик дар Туркия малакаи касбиии худро такмил медиҳанд






