«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи чоруми байналмилалии гӯштингирӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 28.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз-2023 18-19 март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии пойтахт Мусобиқаи чоруми байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор карда мешавад. Дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе ба тасвиб расид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Ҳадаф аз баргузории ин мусобиқа — ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонии сокинони пойтахт ва дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз мебошад.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, гӯштини миллии тоҷикӣ (гӯштингирӣ) мақоми байналмилалӣ касб намуд. Ин дараҷаи байналмилалӣ дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, гӯштини миллии тоҷикӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид.
Гӯштини миллии тоҷикӣ яке аз варзишҳои маъмул миёни мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Тоҷикон дар замонҳои пеш ин намуди гӯштинро бештар дар тӯю маъракаҳояшон баргузор мекарданд. Дар гузашта гӯштини миллии тоҷикӣ ҳамчун анъана ба ҷашни Наврӯз шаҳомати дигар мебахшид. Он ягона намуди варзиш ё анъанае буд, ки махсусан мардон ба хотири гӯштин ҷашни Наврӯзро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Аз ин бармеояд, ки гӯштин ва Наврӯз ба ҳам алоқамандии ногусастанӣ доранд.
Бояд тазаккур дод, ки гӯштини миллии тоҷикӣ ё гӯштингирӣ яке аз намудҳои маъмули гӯштин буда, дигар намудҳо, чун ҷудо, самбо, кураш ва камарбандӣ аз он сарчашма мегиранд. Гӯштингирӣ дар байни аҳолӣ мартабаи баланд дошта, ҷиҳати оммавӣ гардидани тарбияи ҷисмонӣ воситаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Он солҳои охир бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд намудааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаро бо ғалаба оғоз намуд
Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бозии аввалро анҷом медиҳад
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: ҷудокорони Тоҷикистон 4 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Дар рӯзи охирини мусобиқа ҷудочиён аз рӯйи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми ФИФА дар Канада иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
Сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин гардид
WORLD JUDO MASTERS 2026. Ситораҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе меоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси КФО дар Ванкувер иштирок намуд






