Пагоҳ дар Тоҷикистон марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 28.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 1 март дар Тоҷикистон марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2023 (ИМД-2023) оғоз мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Гуфта шуд, ки дар 44 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ 49 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 15 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил гардидаанд.
Бояд тазаккур дод, ки имсол хонандагоне, ки соли таваллудашон 2005 мебошад, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро хатм менамоянд.
Маълумоти муфассалро дар бораи бақайдгирӣ аз дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб», ки шакли чопии онро Марказ ба муассисаҳои таълимӣ ройгон дастрас гардонида, инчунин шакли электронияшро дар сомонаи Марказ ҷой додааст, пайдо кардан мумкин аст.
Ҳамчунин Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади осон кардани кори довталабон барои интихоби ихтисосҳо, ки рӯйхати онҳо бояд ба нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод карда шавад, барномаи «Интихоби ихтисос» таҳия кард. Барномаи мазкур, ки яке аз навгониҳо дар соли рвон мебошад, дар ду гуна: (1) мобилӣ – барои истифода дар телефонҳои ҳушманд (смартфон) ва (2) компютерӣ – барои истифода дар компютерҳо омода гардидааст. Барномаро барои истифода дар телефонҳои ҳушманд (смартфон) аз мағозаи интернетии Google Play ва барои истифода дар компютерҳо аз сомонаи Марказ боргирӣ кардан мумкин аст.
Доир ба истифодаи барнома аз сомонаи Марказ маълумоти муфассал пайдо намудан мумкин аст.
Агар довталаб чунин имкон надошта бошад, ба нуқтаи бақайдгирӣ шакли дастнависи онро метавонад пешниҳод кунад.
Маркази миллии тестӣ ба довталаб тависия медиҳад, ки пеш аз ҳама, олами маънавии худ − шавқу ҳавас, меҳру садоқат ба касбу ихтисос, тафаккур ва қобилияту истеъдодашро ба назар гирад. Сипас бо ихтисосҳои мавҷудае, ки майли интихоби онҳоро дорад, шинос шуда, хусусияту талаботи онҳоро фаҳмида, лаёқату донишу тавону имкони худро ба эътибор гирифта, онҳоро ихтиёр кунад. Танҳо дар ҳамин сурат интихоби касбу ихтисос дурусту дақиқ ва бошуурона буда метавонад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд






