«СҲШ дар ҷаҳони тағйирёбанда: роҳ ба сӯйи саммити Ню Деҳлӣ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир шуд

Февраль 1, 2023 21:58

ДУШАНБЕ, 01.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об 31 январ дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон таҳти унвони «СҲШ дар ҷаҳони тағйирёбанда: роҳ ба сӯи саммити Ню Деҳлӣ» ҳамоиш баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин марказ.

Дар ҳамоиш ҳамаи шарикони марказ, аз ҷумла сафирон ва намояндагиҳои дипломатии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва мамлакатҳои нозир, ниҳодҳои дипломатияи ҷамъиятӣ ва ҷомеаи илмӣ (тариқи ҳузурӣ ва онлайн) иштирок намуданд.

Директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода иброз намуд, ки «барои ҳалли мушкилоти об дар арсаи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, ҳалли сиёсии он зарур аст. Барои он ки чунин қарор қабул карда шавад, пеш аз ҳама, иродаи олии сиёсӣ ва сатҳи баланди ҳисси инсондӯстӣ зарур аст. Диққати асосии сиёсатмадорони ҷаҳонӣ дар ҷаҳони муосир ба фаъолияти геополитикӣ ва фарохсозии фазои таъсиррасонии геополитикӣ равона гардидааст. Байни сиёсатмадорони ҷаҳонӣ кам нафароне ёфт мешаванд, ки пайи ҳалли мушкилоти об дар арсаи байналмилалӣ талош варзанд ва ба фаъолияти гидрополитикӣ машғул гарданд».

Номбурда илова кард, ки «Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бе таваққуф давоми тамоми солҳои сипаригардидаи қарни ҷорӣ сиёсати густурдаи гидрополитикиро дар арсаи байналмилалӣ роҳандозӣ намуда истодааст».

«Махсусан, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар роҳи ҳалли масоили вобаста ба об, ки аз ҷониби аксари давлатҳои дунё ва ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд, боиси таъкиди махсус аст. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи дунё ҳамчун субъекти пешбаранда ва татбиқкунандаи сиёсати ҷаҳонӣ дар соҳаи об эътироф гардидааст», — тазаккур дод Абдухалил Ғафурзода.

Дар ҳамоиш иштирокдорон назару андешаҳои хешро вобаста ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об иброз намуда, таъкид карданд, ки воқеан, Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолии худ бо назардошти захираҳои бойи обӣ сиёсати миллии обро муваффақона ва натиҷабахш амалӣ намуда истодааст. Ҳамчунин байни иштирокчиён вобаста ба вогузор шудани раёсати Созмони ҳамкории Шанхай аз Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон табодули афкор сурат гирифт.

Ҳиндустон аз соли 2017 узви комилҳуқуқи Созмони ҳамкории Шанхай мебошад ва аз он вақт инҷониб бо ин созмон ҳамкории фаъол дорад. Ҳиндустон бори аввал раёсати СҲШ-ро ба уҳда гирифта, интизор меравад, ки раёсати Ҳиндустон ба рушди иқтисодии минтақа мусоидат намояд, зеро СҲШ як платформаи калидӣ барои ҳамкории иқтисодии Ҳиндустон бо Осиёи Марказӣ мебошад.

АКС: Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон

Февраль 1, 2023 21:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо роҳбари Институти дипломатии Кувайт ба номи Сауд Ан-Носир Ас-Сабоҳ мулоқот намуд
Хуттали Қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбарияти Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор гашт
Дар Душанбе тавофуқоти ҳосилшуда зимни нахустин Саммити Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Дар Остона намоиши молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии Тоҷикистон баргузор мегардад
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Токио машваратҳои сиёсии байниидоравии Тоҷикистон ва Ҷопон баргузор гардиданд
Дар Теҳрон масъалаҳои консулӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуданд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳафтумин Иҷлосияи махсуси мавзуӣ оид ба об ва офатҳои табиӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО иштирок дорад