Устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии ихтироъкорони ҷаҳон дар Давлати Кувайт иштирок доранд
ДУШАНБЕ, 17.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ду нафар устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Саврибегим Ёрмамадова ва Мавлуда Давлатмамадова дар Форуми байналмилалии ихтироъкорони ҷаҳон дар Давлати Кувайт иштирок доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки Саврибегим Ёрмамадова номзади илмҳои химия, дотсент, иштирокчии 4 озмуни байналмилалӣ, дорандаи Шоҳҷоиза, медали тилло ва нуқраи Форуми байналмилаии занҳои ихтирокори ҷаҳон буда, Мавлуда Давлатмамадова номзади илмҳои химия, муаллими калон, иштирокчии 4 озмуни байналмилалӣ, дорандаи 2 медали тилло ва 2 медали нуқраи Форуми байналмилаии занҳои ихтироъкори ҷаҳон мебошад.
Устодону кормандони Донишгоҳи миллӣ бо иштироки худ дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ дар муаррифии илми ҷумҳурӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Муддатест, ки омӯзгорони донишгоҳ бо ихтирооти хеш дар форумҳои байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2022 дар 12-умин Форуми мазкур аз 45 давлати ҷаҳон 1559 нафар бо 1745 ихтироъ иштирок намуда буданд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Имкон»-ро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар назди 12 муассисаи таълимии шаҳри Ваҳдат биною синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор кӯдакон ба синфи якум рафтанд
Аз 1 сентябр донишҷӯёни тоҷик дар Русия метавонанд ҷойи зисти худро тавассути барномаи мобилии «Амина» ба қайд гиранд
Президенти Тоҷикистон: «Падару модарон ба тарбияи фарзандон бояд бо масъулияти баланд муносибат намоянд»
Пешвои миллат дастур доданд, ки сифат ва муҳтавои китобҳои насли нав беҳтар карда шавад
Президенти Тоҷикистон: «Зарур аст дар байни ҷавонону наврасон фарҳанги истифодаи шабакаи интернет баланд бардошта шавад»
Кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон суханронии Президенти Тоҷикистонро дастҷамъона тамошо намуданд
Пешвои миллат: «Ба мо, пеш аз ҳама, мутахассис зарур аст, на ҷавоне, ки танҳо соҳиби диплом аст»
МАКТАБУ МАОРИФ — ВАСИЛАИ ҲИФЗУ ТАҲКИМИ СУЛҲУ ОРОМӢ ВА СУБОТИ СИЁСӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Пешвои миллат бахшида ба Рӯзи дониш
Эмомалӣ Раҳмон: «29 ҳазор хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо квотаи президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд»






