Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар Форуми нахустини байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ маърўза кард
ДУШАНБЕ, 10.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрўз дар шаҳри Туркистони Қазоқистон Форуми нахустини байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ доир гардид. Муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Шарифҷон Ҳакимзода дар Форуми мазкур дар мавзӯи «Нақши вакилони парлумон дар густариши ҳамкории фарҳангӣ дар асоси мероси умумии таърихию фарҳангӣ» маърӯза намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар медиҳад.
Мавсуф иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ дар асоси усул ва принсипи асосии «дарҳои боз» бо 180 давлати ҷаҳон, аз ҷумла бо давлатҳои Осиёи Марказӣ муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, аъзои комилҳуқуқу фаъоли Созмони Милали Муттаҳид ва дигар сохторҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад.
«Дар давраи равобити дипломатӣ байни давлатҳо барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории амалӣ заминаи хуб фароҳам оварда шуда, муҳимтар аз ҳама, сатҳи баланди шарикӣ, эътимод ва эҳтироми тарафайн ба даст омад. Сатҳи баланди муносибатҳоро заминаи мустаҳками шартномавию ҳуқуқӣ, ки зиёда аз 500 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дар бар мегирад, тасдиқ мекунад»,-тазаккур дод ў.
Шарифҷон Ҳакимзода таъкид намуд, ки рушди ҳамкории дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодии давлатҳои минтақа дар муносибатҳои мавҷуда авлавиятнок боқӣ мемонад ва илова кард, ки дар доираи муносибатҳои дипломатӣ ба рушди робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ аҳамияти калон дода мешавад.
Номбурда изҳор дошт, ки давлатҳои минтақа дар фазои байналмилалии таҳсили олӣ бештар ҳамгиро шудаанд. Масалан, табодули донишҷӯён дар доираи лоиҳаи «Ҳаракати академӣ» ба рушди касбии захираҳои инсонӣ мусоидат намуда, иқтидори ҳамкории байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии иштироккунандаро афзун намуд.
АКС: Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Маросими дар оромгоҳи Лучоб гузоштани қисмате аз хоки гӯристони Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад доир гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд
БАРНОМАИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Доир ба татбиқи он вохӯрӣ баргузор шуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар Форуми дуюми занони Осиё иштирок намуданд
НИҲОДИ МУҚАДДАСЕ, КИ ДАР ОН АРЗИШҲОИ ИНСОНӢ ТАШАККУЛ МЕЁБАНД. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила
Рустами Эмомалӣ бо Тсюй Дунъюй мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ФАЗИЛАТИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР «ШОҲНОМА». Ин достон ба дониш, муҳаббат ва ирода асос ёфтааст
Таҳкими ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Фаронса баррасӣ шуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон якчанд санадро ба тасвиб расониданд
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Фаронса дар самти таҳкими нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ баррасӣ шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид






