Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук иштирок мекунанд

Февраль 1, 2023 18:18

ДУШАНБЕ, 01.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 10-12 феврал дар пойтахти Қазоқистон- шаҳри Остона Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук дар иншооти пӯшида-2023 баргузор мешавад, ки дар он варзишгарони Тоҷикистон низ иштирок мекунанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд. 

Ин Чемпионати 10-уми Осиё дар иншооти пӯшида хоҳад буд. Чемпионат бояд 11-13 феврали соли гузашта доир мегашт, аммо бо сабаби пандемияи COVID-19 як сол мавқуф гузошта шуд.

Интизор меравад, ки дар он беш аз 500 варзишгар аз 31 кишвари қора аз рӯи 26 риштаи варзиши сабук рақобат кунанд.

Аз ҷумла, дастаи мунтахаби Тоҷикистон иборат аз 6 нафар — Илдар Аҳмадиев, Фаворис Музрапов, Леонид Пронженко, Александр Пронженко, Муҳаммадризо Мирзозода ба Остона сафарбар гардидааст. Қабл аз чемпионат аъзои даста дар шаҳри Остона ба ҷамъомади тамринӣ фаро гирифта шуданд.

Дар чемпионат занону мардон дар дав ба масофаҳои 60м, 400м, 800м, 1500м, 3000м, 60м бо монеаҳо, ҷаҳиш ба баландӣ, ҷаҳиш бо ходачӯб, ҷаҳиш ба дарозӣ, ҷаҳиши секарата, тела додани гулӯла, панҷҳарба (бонувон), ҳафтҳарба (мардон) ва эстафетаи 4х400м рақобат мекунанд.

АКС: Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Февраль 1, 2023 18:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Данғара байни омӯзгорон мусобиқаи футбол доир шуд
Дар Дави миллӣ дар Душанбе беш аз 32 ҳазор нафар иштирок намуданд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2026. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон тими Афғонистонро мағлуб кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) иштирокашро дар Ҷоми Осиё-2026 ба анҷом расонид
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаи футбол доир гардид
Мустафо, Абдулло ва Шарифҷон шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Муъминободро соҳиб шуданд
Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дар Истаравшан Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ доир шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии мусобиқа бо дастаи Ҷопон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин иштирок дорад