Дар шаҳри Турсунзода намоиши техника ва мошинолоти кишоварзӣ доир карда шуд

Март 4, 2023 09:14

ТУРСУНЗОДА, 04.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода беш аз 1600 техникаи кишоварзӣ ба қайд гирифта шудааст ва зиёда аз 1050-техника ба мавсими кишт омода мебошад. Рӯзҳои наздик шумораи дигари техникаҳо низ аз таъмир бароварда шуда, ба кишт омода карда мешавад. Инчунин 626 испор, 45 тухмипош, 271 сихмола, 17 заминҳамворкунак, 1066 ядаки тракторӣ, 30 култиватор ва дигар таҷҳизоти замонавии таъйиноти кишоварзӣ барои истифода дар хоҷагиҳои деҳқонӣ омодаанд. Дар ин бора зимни баргузории намоиши омодагии техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ дар маркази шаҳри Турсунзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дода шуд.

Инчунин имрӯзҳо дар шаҳри Турсунзода 1465 техникаи хусусӣ аз муоинаи техникӣ гузашта, барои истифода дар корҳои кишоварзӣ омода мебошанд.

Дар намоишгоҳ вобаста ба омодагии техника ва таҷҳизоти соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода гуфта шуд, ки хизмати шабонарӯзии ронандагони ин техникаҳо буд, ки то имрӯз кишоварзони шаҳр дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 4359 гектар гандуми тирамоҳӣ, 254 гектар ҷави тирамоҳӣ зиёда аз 450 гектар картошкаи барвақтӣ, 230 гектар пиёзи барвақтӣ ва 383 гектар гандуму ҷави баҳорӣ кишт намуданд. Кишоварзони шаҳр тасмим гирифтаанд, ки аз ин техникаю мошинолоти замонавӣ самаранок истифода намуда, соли 2023 тибқи дурнамо дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар 16000 гектар кишти баҳории сабзавоту зироати гуногун гузаронида, дар таъмини бозорҳои ҷумҳурӣ бо маҳсулоти тару тоза саҳми арзанда гузоранд.


Соли 2022 кишоварзони шаҳри Турсунзода бо заҳматҳои шабонарӯзӣ 148 ҳазору 53 тонна маҳсулоти кишоварзиро ба дигар шаҳру навоҳии мамлакат ва берун аз ҷумҳурӣ содирот намуданд.

Дар намоиш инчунин ҶДММ «Техникаи аграрӣ», ҶСК «Мадади Турсунзода» ва корхонаи давлатии «Агролизинг» дар шаҳри Турсунзода техникаҳои кишоварзиро барои фурӯши нақдӣ ва ғайринақдӣ ба кишоварзони шаҳри Турсунзода ва дигар шаҳру навоҳии мамлакат пешниҳод намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Март 4, 2023 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода мавсими тайёр кардани мавиз оғоз гардид
Рақамикунонӣ — омили муҳими рушди бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад ва нақлиёт
Ширкати «Жонгшан»-и Чин дар Тоҷикистон ҳавзҳои муосири моҳидорӣ бунёд менамояд
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ ҷаласа баргузор гардид
«СИЁСАТИ НУРАФЗО». Таҳти ин унвон доир ба нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи энергетика китоби нав ба нашр расид
Татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера дар Душанбе баррасӣ шуд
Имрӯз парвози мустақим дар хатсайри Душанбе–Минск оғоз гардид
Ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатӣ баррасӣ гардид
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва Бонки рушди Авруосиё санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд
«РАҚАМИКУНОНИИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ». Дар форуми байналмилалӣ 12 санади ҳамкорӣ имзо шуд
Дар Тоҷикистон нахустин коргоҳи истеҳсоли ранги хокавӣ барои хатҳои уфуқии роҳҳои мошингард ба истифода дода шуд