Дар Тоҷикистон имсол тибқи дурнамо дар майдони беш аз 17 ҳазор гектар кишти пиёз гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 05.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии Тоҷикистон тибқи дурнамо дар майдони 17 156 гектар кишти пиёз гузаронида мешавад, ки аз он 11 261 гектарро пиёзи барвақтӣ ташкил медиҳад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии мамлакат.
Ба иттилои манбаъ, дар соли сипаригардида 672 190 тонна пиёз истеҳсол ё ҷамъоварӣ карда шудааст. Инчунин соли 2022 ба миқдори 66,6 ҳазор тонна пиёз ба хориҷи мамлакат содирот гардид.
Ба иттилои Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пиёз яке аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дониста мешавад.
Дар шароити Тоҷикистон пиёзро дар се давра: аввали баҳор, тирамоҳ ва зимистон мекоранд. Ғайр аз ин, барои гирифтани пиёзи тирамоҳӣ ва аввали баҳор тухмиро моҳи август мекоранд. Кишти пиёзи аввали баҳори ро охири феврал-аввали март мегузаронанд. Ин давраи кишт дар ҷумҳурӣ васеъ паҳн гаштааст. Зеро сабзаҳои пиёз аз намиҳои хок, ки аз тирамоҳ захира шудаанд ва намиҳои аввали баҳор хуб нашъунамо мекунанд.
Олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ тавсия медиҳанд, ки дар сурати дертар кишт намудан, яъне дар моҳи апрел ҳосили пиёз кам мешавад. Сабаб он аст, ки дар ҳарорати баланд қисми рӯихокии пиёз назар ба бехаш зудтар инкишоф меёбад. Бинобар ин, дар заминҳои дер киштшуда растанӣ суст инкишоф меёбад. Ғайр аз ин, вақте ки бориш кам ва ҳарорат баланд мешавад, нешзанӣ бад мегардад. Пиёзи аввалибаҳорӣ моҳи сентябр пухта мерасад ва тамоми зимистон нағз меистад.
Ба гуфти олимони соҳаи кишоварзӣ, дар таркиби пиёзи бехӣ 14-16 фоиз моддаи хушк, то 7,8-11% қанд, ба миқдори зиёд витаминҳои А, В,В1,В2,РР мавҷуд аст. Пиёзро ҳамчун хӯрокӣ барои тайёр кардани консерваҳо истифода мебаранд.
Олимони кишоварзии мамлакат барои онҳое, ки замини наздиҳавлигӣ доранд, парвариши пиёзро манфиатбахш арзёбӣ мекунанд. Ба тавсияи олимон, дар шароити хона, баъди шудгор (побел) кардан заминро бо каланд нарм намуда, кулӯхҳоро майда ва заминро ҳамвор кардан лозим аст. Баъд аз ин, вобаста ба муҳлати кишт ҷӯякҳоро дар масофаи 45-70 см кашидан зарур аст. Тухмиро дастӣ ба болои пуштаҳо пошида, коридан лозим аст. Дар вақти пошидани тухмӣ кӯшиш кардан даркор аст, ки тухмӣ ба рӯи замин якхела пош хӯрда, дар як ҷой ғафсу дар ҷои дигар тунук наафтад. Баъд аз коридан тухмии пошидаро бо хаскашак зери хок кардан лозим аст.
Табибон тавсия медиҳанд, ки агар пиёзро бихӯранд, гиреҳҳоро мекушояд, иштиҳо ба таомро зиёд месозад. Агар хоми онро бо нон бихӯранд, ҳайз ва пешобро равон мекунад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда, мерезонад. Инчунин онро дар об муҳарро пухта, бихӯранд, дарунро мулоим мегардонад ва оруғи туршро басанда месозад. Ё ки онро бо чарбу ва дунба пухта бихӯранд, узвҳои даруни сина ва шушро аз ахлоти часпак пок мекунад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






