ФУТБОЛ. Дар Ҳисор Чемпионати CAFA-2023 байни духтарони то 17-сола баргузор мешавад

Март 11, 2023 11:32

ДУШАНБЕ, 11.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 12 то 16 март дар шаҳри Ҳисор чемпионати CAFA-2023 оид ба футбол байни духтарони то 17-сола баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мусобиқа дастаҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Эрон ва Қирғизистон иштирок мекунанд.

Дар доираи чемпионати CAFA-2023 байни духтарони то 17-сола дар маҷмуъ шаш бозӣ баргузор мешавад. Ҳамаи рақобатҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир мегарданд.

Тибқи низомномаи мусобиқот ҳар даста бо ҳамдигар як вохӯрӣ доир мекунад. Дастаи мунтахаби ғолиб аз рӯйи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад.

Барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-17) мусобиқаи дарпешистодаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ марҳилаи омодагӣ ба даври интихобии Ҷоми Осиё-2024 ба ҳисоб меравад, ки баргузориаш аз 26 то 30 апрел дар Ҳисор ба нақша гирифта шудааст.

Чемпионати CAFA-2023 байни духтарони то 17-сола 

Иштирокчиён: ТОҶИКИСТОН, Узбекистон, Эрон, Қирғизистон.

Даври 1 

12 март (якшанбе)

12:00 – Узбекистон – Эрон

16:30 – ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Даври 2 

14 март (сешанбе)

12:00 – Қирғизистон – Узбекистон

16:30 – Эрон – ТОҶИКИСТОН

Даври 3 

16 март (панҷшанбе)

12:00 – Эрон – Қирғизистон

16:30 – ТОҶИКИСТОН – Узбекистон

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Март 11, 2023 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод