«НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭҲЁ, РУШД ВА ҶАҲОНИШАВИИ НАВРӮЗ». Дар Донишгоҳи давлатии Данғара ҳамоиш доир гардид

Март 17, 2023 10:53

ДУШАНБЕ, 17.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. «Нақши Пешвои миллат дар эҳё, рушд ва ҷаҳонишавии Наврӯз» — таҳти чунин унвон 16 март бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Данғара бо иштироки масъулини Кумита ҳамоиши ҷавонон баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи Кумита.

Зимни ҳамоиш иштирокдорон иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои ташаббускори ҷаҳонишавии Ҷашни байналмилалии Наврӯз маҳсуб мешавад.

Таъкид карда шуд, ки маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ташаббус амалӣ гардида, ҷиҳати бештар аз пештар бо шаҳомати хосса таҷлил гардидани он шароити мусоид фароҳам овард.

Гуфта шуд, ки Наврӯз – яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор рафта, рӯзи аввали баҳор – саршавии киштукор, бедоршавии табиат ва олами наботот мебошад.

«Мояи ифтихор аст, ки Наврӯз бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Наврӯз дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳар сол 21 март ҷашн гирифта мешавад»,-иброз гардид зимни ҳамоиш.

Ҳамзамон дар ҳамоиш вобаста ба иҷрои қонунҳои миллӣ, пешгирии ҷавонон аз тероризму экстремизм, таълимоти динии ғайрирасмӣ, нашъамандию ҷинояткорӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз худ намудани илмҳои дақиқ, саҳмгузорӣ дар рушду ободонии мамлакат, ҳимояи арзишҳои миллӣ, хизмати садоқатмандона ба Ватан, эҳтироми волидайн ва калонсолон ибрози назар карда шуд.

Дар фарҷоми ҳамоиш аз ҷониби масъулини Кумита ба омӯзгорону донишҷӯён Сипоснома супорида шуд. Силсилабарномаҳои оммавию варзишӣ, фарҳангиву фароғатӣ, ҳарбию ватандӯстӣ ва маърифативу иттилоотӣ тибқи Нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бахшида ба Ҷашни байнналмилалии  Наврӯз дар дигар шаҳру ноҳияҳо идома доранд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 17, 2023 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи аҳолии машғул ба фаъолияти иқтисодӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион нафарро ташкил медиҳад
Дар минтақаи Кӯлоб шумораи нафақагирон беш аз 127 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Ба 12 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид
Оид ба низоми электронии дипломҳо машваратҳои омӯзишӣ баргузор шуданд
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба аҳамият ва тарзи тайёр намудани шарбату консерваҳо барои фасли зимистон
Доир ба татбиқи «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027» ҷаласа баргузор шуд
ОГОҲӢ! Аз 25 то 27 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Кумаки Президенти Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон расид
Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ҳамоиш баргузор шуд
Сокинони деҳаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон бо неруи барқ таъмин карда шуданд ‎
Беш аз 1500 нафар аз шаҳри Душанбе дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд