Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлол бо амалишавии Лоиҳаи Барномаи безараргардонии партовҳои радиоактивӣ шинос шуданд

Март 30, 2023 11:01

ДУШАНБЕ, 30.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. 30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлол бо амалишавии Лоиҳаи Барномаи безараргардонии партовҳои радиоактивӣ шинос шуданд.

Лоиҳаи мазкур дар Партовгоҳҳои маъданҳои радиоактивӣ, ки дар солҳои 50-уми асри гузашта ба вуҷуд омадааст, амалӣ карда мешавад.

Ин лоиҳа дар заминаи ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Росатом»-и Федератсияи Русия амалӣ гардида, барои иҷрои корҳо 110 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Тибқи маълумот, дар майдони Партовгоҳҳои маъданҳои радиоактивӣ, ки масоҳати умумии он 7,5 гектарро ташкил медиҳад, баландии партовҳо аз 65 то ба 30 метр паст гардида, бо сангу шағал ва хок рӯйпӯш мегардад. Дар марҳилаи охири безараргардонии партовҳо тадбирҳои сабзу хуррамгардонӣ анҷом дода мешавад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Лоиҳаи Барномаи безараргардонии партовҳои радиоактивӣ дар шаҳри Истиқлол дар чор қитъа амалӣ гардида, аллакай кор дар қитъаи якум пурра ба охир расида, дар қитъаи дуюм ҷараён дорад. Корҳои безараргардонӣ дар қитъаҳои 3-юм ва 4-уми партовгоҳ нимаи дуюми моҳи апрел оғоз гардида, дар охири моҳи майи соли 2023 ба анҷом мерасанд.

Дар иншооти мазкур зиёда аз 100 нафар ба кор ҷалб гардид.

Бояд гуфт, ки дар ҷараёни корҳои безараргардонӣ риояи қоидаҳои бехатарӣ ва муомила бо маводи радиоактивӣ аз ҷониби олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пайваста назорат карда мешавад.

Мувофиқи нишондиҳанда, баъди безараргардонии қитъаи якуми партовгоҳ дараҷаи нурафкании радиоактивӣ ба меъёри муқаррарӣ баробар шудааст, ки барои саломатии аҳолӣ, муҳити зист ва дар умум тамоми мавҷудоти зиндаи атроф бехатар аст.

Бо мақсади татбиқи саривақтии лоиҳа дар мавзеи наздик ба сохтмон барои кормандону мутахассисон шароити зарурӣ, аз қабили нуқтаи тиббӣ, ҳуҷраҳои санитарӣ ва беҳдошт, ҷои шустушӯи техникаю механизми махсус ва зеристгоҳи барқӣ бунёд карда шудааст.

Шиносоӣ бо амалишавии Лоиҳаи Барномаи безараргардонии партовҳои радиоактивӣ дар шаҳри Истиқлол 30.03.2023

Март 30, 2023 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари давлатии Амири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи Варзоб боздид намуданд
Иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳои ИДМ
Маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар
Президенти Тоҷикистон: «Яке аз намунаҳои муваффақи ҳамкории байни давлатҳои мо бунёди масҷиди калони замонавӣ дар шаҳри Душанбе бо маблағгузории Давлати Қатар ба ҳисоб меравад»
Сабаби сар задани сӯхтор дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар чист? Шарҳи мутахассис дар ин мавзуъ
Сафари давлатии Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид
Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард
«Бухоро» ғолиби Озмуни «Беҳтарин тарабхона дар шаҳри Душанбе» гардид
Роҳбарони бонкҳои амонатгузории аъзои WSBI дар Бонн бо таҷрибаи бонкҳои пешрафтаи Олмон шинос гардиданд