ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 март, душанбе, 72-юмин рӯзи соли 2023 аст

Март 13, 2023 08:00

13 марти соли 2010 дар шаҳри Душанбе намояндагии Институти фарҳанги Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ифтитоҳ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе Протокол ба Протоколи Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия оид ба канорагирӣ ва андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя ба имзо расид.

РӮЙДОДҲО: 

13 марти соли 2021 дар Тоҷикистон се ширкати нави сайёҳӣ — «Рангоранг тур», «Ориён Тур» ва «Чор кӯҳ» вориди бозори сайёҳӣ гардид.

 ***

 13 марти соли 2007 хатсайри нави ҳавойии Урумчӣ–Хуҷанд–Урумчӣ ифтитоҳ шуд.

***

13 марти соли 2013 дар Бӯстонсарои Ҳукумати мамлакат Форуми соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия баргузор шуд.

***

Соли 2016 дар сохти бонкдории Тоҷикистон бонки нав – Бонки байналмилалии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуд.

  ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД

 Толиб Шаҳидӣ- соли  1946 — композитор, дорандаи Ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ

***

Зулфия Давлатзода- соли  1974- Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 13, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш