«CAFA NATIONS CUP-2023». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол омодагиҳоро ба мусобиқа оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 31.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар шаҳри Душанбе омодагиҳоро ба мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023», ки аз 11 то 20 июн дар Тошканд баргузор мешавад, оғоз намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Аз 26 бозигаре, ки барои омодагӣ ба Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ даъват шудаанд, ҳоло дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон танҳо 14 бозигар қарор дорад, ки 2 нафарашон дарвозабон мебошанд. Бозигарони боқимонда пас аз анҷоми бозиҳои бошгоҳҳои худ дар Тошканд ба ҳайати дастаи мунтахаби миллӣ мепайванданд.
Имрӯз, 31 май дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ба Узбекистон сафар намуда, омодагиро ба мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» идома медиҳад.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дар Истаравшан Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ доир шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии мусобиқа бо дастаи Ҷопон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин иштирок дорад
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) ба Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ ёфт
Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаро бо ғалаба оғоз намуд
Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бозии аввалро анҷом медиҳад






