Дар фабрикаи ресандагии ноҳияи Мастчоҳ 500 нафар соҳиби ҷойи кор мегардад

Май 30, 2023 08:49

ДУШАНБЕ, 30.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар фабрикаи ресандагии ноҳияи Мастчоҳ ба таври таҷрибавӣ истеҳсолот ба роҳ монда шуда, беш аз 200 нафар занону духтарон нозукиҳои корро омӯхта истодаанд. Бо пурра омода шудани корхона то 500 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб мегарданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

29 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ бо рафти корҳои омодагӣ ва васлу насби таҷҳизот дар фабрикаи ресандагии ҶСП «Арвис Зелал текстайлз» шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки фабрикаи ресандагӣ бо саҳмгузории соҳибкорони тоҷику турк охири соли гузашта дубора ба фаъолият шуруъ намуда, дар он таҷҳизоту технологияҳои муосир насбу васл гардидааст. Таъкид гардид, ки истифодаи иқтидори пурраи корхона барои бо ҷойи корӣ таъмин шудани аҳолӣ мусоидат намуда, ба корхона низ фоидаи хуб меорад ва дар ин зимн ба рушди пахткорӣ дар ноҳияи мазкур такони ҷиддӣ мебахшад.

Раиси вилоят ба муассисони фабрикаи калони ресандагӣ барои пурра омода намудани корхона, истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ, дар оянда ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти тайёр тавсияҳо дод.

Дар идомаи сафар роҳбари вилоят ҳамзамон бо сохтмони фабрикаи парандапарварӣ ва фермаи чорвопарварии ҶДММ «Некбахт», сардхона барои нигаҳдории маҳсулот бо ғунҷоиши 400 тонна, меҳмонхонаи замонавии «Раҳим», коргоҳи коркард ва банду басти чормағзи заминии ҶДММ «Ҷаъфар-2104», бинои нави Маркази ташхисӣ ва табобатии «Сино» ва коргоҳи пойафзолбарорӣ шинос шуда, барои тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ва дар муҳлати пешбинишуда ба итмом расонидани онҳо супориш дод.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 30, 2023 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Иқтидору имконияти сармоягузории Тоҷикистон дар Форуми B5+1 дар Бишкек муаррифӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Ассамблеяи умумии Созмони ҳамкории рақамӣ иштирок намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон корхонаҳои саноатӣ бунёд мегарданд
Дар теппаҳои шоҳроҳҳои Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ беш аз 106 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо фаъолияти кишоварзони шаҳри Исфара шинос гардид
Рушди ҳамкории тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баррасӣ гардид
АФЗОИШИ ИЗОФАНАВИСИИ ЭНЕРГИЯИ БАРҚ БА СУРАТҲИСОБИ МУШТАРИЁН. Агентии назорати давлатии энергетикӣ дар ин хусус иттилоъ медиҳад
ТАЪСИРИ ОМИЛИ ИНСОНӢ. Бо рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ он дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш меёбад
Ҷаласаи панҷуми Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи дастгирии энергетикаи устувор баргузор гардид
Дар Тоҷикистон нахустин Намоишгоҳи байналмилалии ҳалли бастубанд барои саноати хӯрокворӣ ва ғайрихӯрокворӣ баргузор мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид