Дар Хатлон доир ба рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд конфренсия баргузор шуд

Май 7, 2023 11:31

ДУШАНБЕ, 07.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 май бо ташаббуси Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти унвони «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» конфренсияи илмӣ-амалии  вилоятӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Дар конференсия намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ,  омӯзгорон, донишҷӯён ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон иброз намуд, ки «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ-ҳуқуқӣ дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафолати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва умуман дар инкишофи давлати соҳибистиқлоламон Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши бағоят муҳим дорад. Маҳз дар Паём дарҷ гардидани масъалаҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсон сабаби рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад».

Гуфта шуд, ки дар семоҳаи якуми соли 2023 бо намояндаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои давлатии вилояти Хатлон  масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини иҷтимоии шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони ятим ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд баррасӣ карда шуд.

АКС: Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон

Май 7, 2023 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад