Дар Кӯлоб доир ба нақши хизматчиёни давлатӣ дар пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро вохӯрӣ баргузор гардид

Май 27, 2023 18:01

ДУШАНБЕ, 27.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 май бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулоҳи Рӯдакӣ дар мавзуи «Нақши хизматчиёни давлатӣ дар пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ» вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатӣ хабар доданд.

Вохӯрӣ дар доираи амали Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 доир шуда, иброз гардид, ки вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти басе нигаронкунанда ва барои ҷомеаи башарӣ хатаровари даҳшатафканию ифротгароӣ тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 таъкид доштанд, ки «вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти давлатамон диққати аввалиндараҷа диҳем».

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамзамон намояндагони вазорату идораҳо, масъулини татбиқи Стратегияи мазкур вобаста ба тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо экстремизм ва терроризм, ҳадафу мақсадҳои Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ободонию созандагии мамлакат ибрози андеша намуданд.

Гуфта шуд, ки имрӯзҳо зуҳуроти номатлуби терроризму ифротгароӣ ба хатари ҷаҳонӣ табдил ёфта, дар зарфи солҳои охир зиёда аз сад мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ шаҳру деҳот валангор ва ёдгориҳои беназири таърихӣ тахриб гардида, аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, макону манзили зисташонро тарк кардаанд.

Идомаи ин зуҳуроти номатлуб хатарзо буда, на фақат боиси афзоиши таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ, балки сабаби хуруҷу афзоиши ҳар гуна бемориҳои сироятӣ дар тамоми минтақаҳои олам гардида, солимии ҷомеаро зери суол мебарад.

Таъкид карда шуд, ки мақсади муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошад.

Аз ҷониби роҳбарияти олии ҷумҳурӣ дар самти пешгирии экстремизму терроризм тадбирҳои муассир андешида шудаанд. Аз ҷумла даҳҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномавӣ (консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳо) ба тасвиб расидаанд.

Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳад, ки ҳадафи асосии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷавонон, ки яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа мебошанд, қарор мегиранд. Яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мазкур — муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи мамлакат, сатҳи нокифояи маърифатнокӣ, носолимии муҳити оила, бепарвоӣ зоҳир кардани волидайн ба тақдири фарзандон, истифодаи бетартибонаи сомонаҳои интернетӣ, бетарафии атрофиён ва амсоли инҳо мебошад.

Дар фарҷоми ҳамоиш ҳозиринро даъват карданд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа ва оромиву осудагии мамлакат бетараф набошанд.

АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 27, 2023 18:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Одатҳои бад яке аз омилҳои сар задани бемории саратон мебошад
Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 84,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Вобаста ба ҳамкории байналмилалӣ ва тамоюли иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд