Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Арабистони Саудӣ иштирок менамояд

Май 29, 2023 08:41

ДУШАНБЕ, 29.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Ҷоми миллатҳои Араб-2023, ки аз 6 то 16 июн дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, иштирок менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Дар ин мусобиқа 12 даста ба се гурӯҳ тақсим мешавад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бозӣ мекунад. Ҳарифони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот дастаҳои Либия (6 июн), Арабистони Саудӣ (8 июн) ва Алҷазоир (10 июн) мебошанд.

Дар гурӯҳи «В» дастаҳои Марокаш, Комор, Кувайт ва Лубнон иштирок мекунанд. Ба гурӯҳи «C» Миср, Мавритания, Фаластин ва Ироқ дохил аст.

Бар асоси натиҷаи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми кишварҳои Араб-2023 аз ҳар гурӯҳ ду даста ва инчунин ду дастаи беҳтарини ҷойи сеюмро ишғолкарда ба даври плей-офф роҳ ёфта, ҷуфҳои даври чаҳорякниҳоиро ташкил медиҳанд.

Ҷоми миллатҳои Араб-2023 оид ба футзал

Гурӯҳи «А»: Арабистони Саудӣ, Алҷазоир, Либия, ТОҶИКИСТОН.

Гурӯҳи «В»: Марокаш, Комор, Кувайт, Лубнон.

Гурӯҳи «C»: Миср, Мавритания, Фаластин, Ироқ.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Май 29, 2023 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун беш аз 2600 медал ба даст оварданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Шаҳринав Фестивали бозиҳои варзишӣ баргузор гардид
Парчамбардорони тоҷик хотираи қаҳрамонони миллатро пос доштанд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Шоҳмансур Фестивали варзишӣ баргузор гардид
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи ҷаҳонии футболро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Ню-Йорк ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқаи варзишӣ баргузор гардид
Байни кормандони Бонки миллии Тоҷикистон мусобиқа оид ба футболи хурд идома дорад
Қуръакашии марҳилаи асосии Ҷоми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол доир шуд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2026. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ҷойи сеюмро ишғол намуд
Дар қароргоҳи СММ Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Данғара байни омӯзгорон мусобиқаи футбол доир шуд
Дар Дави миллӣ дар Душанбе беш аз 32 ҳазор нафар иштирок намуданд