Хонандагони Душанбе дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ соҳиби 138 ҷойи ифтихорӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 10.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои синфҳои 5-6 аз фанҳои забони тоҷикӣ, забони русӣ, забони англисӣ, адабиёти тоҷик, адабиёти рус ва таърих сазовори 138 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 8 медали тилло, 38 медали нуқра ва 92 медали биринҷӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Олимпиадаҳои мазкур аз 5 то 7 май аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат» дар шаҳри Ҳисор баргузор гарид.
Дар олимпиадаҳо 999 хонандаи синфҳои 5-6-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуданд, ки нисбат ба соли 2022 657 нафар зиёд аст. Дар озмун 433 хонанда сазовори ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 20 нафар сазовори медали тилло, 95 нафар сазовори медали нуқра ва 318 нафар сазовори медали биринҷӣ гардид.
Дар он хонандагони муассисаҳои вилояти Суғд сазовори 116 ҷойи ифтихорӣ- 8 медали тилло, 29 медали нуқра ва 79 медали биринҷӣ, хонандагони вилояти Хатлон сазовори 112 ҷойи ифтихорӣ- 3 медали тилло, 14 медали нуқра ва 95 медали биринҷӣ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сазовори 42 ҷойи ифтихорӣ -3 медали нуқра ва 39 медали биринҷӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сазовори 25 ҷойи ифтихорӣ-1 медали тилло, 11 медали нуқра ва 13 медали биринҷӣ гардид.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» то 1 апрел идома меёбад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Эфекта»-и Британияи Кабир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт






