ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 май, сешанбе, 136-умин рӯзи соли 2023

Май 16, 2023 08:00

16 майи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ намуданд. Мулоқот ба 30-юмин солгарди имзои Созишнома дар бораи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) бахшида шуда буд.

***

16 майи соли 2022 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи вохӯрии сарони давлатҳои аъзои СААД бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд. Дар мулоқот сарони давлатҳо авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа, вазъи сиёсии кишвари ҳамсоя – Афғонистон, ҳамкорӣ дар соҳаи амният, масъалаи таъмини амният дар минтақаи ҳудуди СААД ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.

***

16 майи соли 2010 дар шаҳри Душанбе бо мақсади ташвиқу тарғиби ҳаракати байналмилалии олимпӣ, тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш Рӯзи дави миллӣ баргузор гардид.

***

16 майи соли 2012 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо мавзеъҳои аз заминларзаи 13 майи ҳамон сол зарардида ба ноҳияҳои Рашт ва Тавилдара сафар намуданд.

***

16 майи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар шаҳри Ҳисор марҳилаи аввали корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Беларус – Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Агротехсервис»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

16 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи биографҳо.

РӮЙДОДҲО:

16 майи соли 2013 гурзандози тоҷик Дилшод Назаров дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук аз силсилаи «IAAF World Challenge» дар шаҳри Белеми Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 49 сантиметр  партофта, медали тилло ба даст овард.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди исломӣ  дар заминаҳои гуногун баррасӣ шуд.

***

16 майи соли 2016 дар ҷараёни сафари расмӣ ба Давлати Кувайт дар Маркази тиҷоратӣ — фароғатии «Авеню» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии «Маҷмуату шарикот ал Шоеъ» Муҳаммад Ҳамад ал-Шоеъ мулоқот карданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии «Фазои фарҳангии Роҳи Абрешим ва Осиёи Марказӣ» доир шуд.

***

Соли 1929 аввалин бор дар ҳотели «Roosevelt» дар Ҳолливуд (ИМА) маросими супоридани Ҷоизаи ҳоло машҳури «Оскар» доир гардид. Ин маросим ҳамагӣ 15 дақиқа давом карда, дар он тақрибан 250 нафар иштирок намуд.

***

16 майи соли 1881 дар канораи шаҳри Берлин бори нахуст дар ҷаҳон трамвайи бо қувваи барқ ҳаракаткунанда ба истифода дода шуд.

Май 16, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш