5 июн дар шаҳри Гулистон ҷаласаи Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 06.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 июн дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия баргузор гардид, ки дар он масъалаҳо оид ба муборизаи дастҷамъона бар зидди хатарҳои замони муосир: терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин тақвият бахшидани ҳамкории минбаъдаи мақомоти корҳои дохилии ҳар ду мамлакат барои боздошти ҷинояткорони ҷустуҷӯшаванда, истифода аз малакаи касбии сохторҳои ташхиси криминалистӣ, тафтишоту таҳқиқ, хадамоту дастгоҳҳои фаврӣ ва алоқа баррасӣ гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Пешгирӣ аз ҷиноятҳое, ки бо истифода аз технологияҳои замони муосир содир мешаванд, аз ҷумла азонихудкунии маблағҳо, бо роҳи тасарруфи маблағҳои электронии пулӣ, маблағгузорӣ ба шабакаҳои экстремистиву террористӣ аз мавзуъҳое буданд, ки ҳайати ду ҷониб барои ҳалли онҳо таваҷҷуҳ намуданд. Тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси самтҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ бо истифода аз имкониятҳои муассисаҳои олии таълимии ВКД Федератсияи Русия низ дар рафти мушовара баррасӣ гардид.
Намояндагони масъули вазоратҳои корҳои дохилии ҳар ду ҷониб баргузории мушовараҳои муштаракро омили таҳкимбахши ҳамкорӣ ва робитаи доимии вазоратҳои корҳои дохилии ду давлат арзёбӣ намуданд.
Ҷонибҳо зимни баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи якҷоя ба тавофуқ расиданд, ки муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ду мамлакат барои решакан намудани ҷинояту ҷинояткорӣ, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар шаклҳои фаромилии кирдорҳои зидиҳуқуқӣ нақши арзанда хоҳад гузошт.
Ҳамзамон масъалаҳои муҳоҷират ва мушкилоти алоқаманд ба он мавриди муҳокимаронии роҳбарони аввали Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия қарор гирифт.
Бояд тазаккур дод, ки пеш аз оғози Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ҳайати меҳмонон манзараҳои зебои табиати макони истироҳатии Маркази таълимии Раёсати минтақавии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро тамошо карданд.
Акрам Сангзода,
АМИТ «Ховар»
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд






