Бузҳоро дар Калифорния ҳамчун воситаи оташнишонӣ ба иҷора мегиранд

Июнь 8, 2023 20:58

ДУШАНБЕ, 08.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Иёлати Калифорния талабот ба иҷораи бузҳо, ки ҳамчун воситаи оташнишонӣ истифода мешаванд, меафзояд, иттилоъ медиҳад АБИ «Казинформ» бо истинод ба агентии «Садои Амрико».

Тавре рӯзнома навиштааст, бузҳо алафи хушк ва гиёҳҳои атрофи хонаҳоро истеъмол мекунанд. Кӯшиш менамоянд, ки онҳоро дар кўҳсор чаронанд, зеро дар онҷо истифода бурдани техника душвор аст.

Бузҳоро метавон дар се иёлати аз сӯхтори ҷангал бештар осебпазир — Орегон, Вашингтон ва Калифорния киро кард.

Иёлати Калифорния хароҷоти деҳқононро барои истифодаи бузҳо оид ба пешгирии сӯхтор қисман мепӯшонад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли гузашта дар Калифорнияи Шимолӣ ду сӯхтори ҷангал ба амал омада буд. Сокинони деҳотро ба ҷойҳои бехавф кӯчониданд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: euronews.com

Июнь 8, 2023 20:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат