Дар Душанбе нахустин Конгресси Конфедератсияи Осиё ва Уқёнусия оид ба гуштингирӣ доир шуд

Июнь 27, 2023 09:57

ДУШАНБЕ, 27.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 июн дар шаҳри Душанбе нахустин Конгресси Конфедератсияи Осиё ва Уқёнусия оид ба гўштингирӣ баргузор шуд. Дар Конгресс намояндагони 28 давлат, аз ҷумла Тоҷикистон, Малайзия, Уммон, Покистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҳиндустон, Индонезия, Кувайт, Лубнон, Арабистони Саудӣ, Сингапур, Кореяи Ҷанубӣ, Туркманистон, Таиланд, Узбекистон,  Қирғизистон, Тайпеи Чин, Бангладеш, Сурия, Қазоқистон, Чин, Муғулистон, Русия, Озарбойҷон, Ветнам, Ироқ, Эрон, Шри-Ланка ва Урдун иштирок намуданд. Дар ин  хусус ба   шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»  Меҳрони  Қурбон котиби генералии Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ Абдулло Саидхоҷаев  хабар дод.

Дар Конгресс котиби генералии Кумитаи миллии олимпии  Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллозода шахси бетараф барои ҷобаҷогузорӣ интихоб гардид. Исфандиёр Хоҷаев Президенти Федератсияи гўштингирии Осиё ва Уқёнусия интихоб шуда, Амир Сиддиқӣ муовини якум, инчунин Ёнг Сик Бэй, Ҳамид  Фармон ва Пулсак Саҷат Ҳамнукул муовинони ӯ интихоб гардиданд. Директори ҳамоҳангсозии варзишӣ Мустафо Далериён интихоб карда шуд.  Ҳамзамон котиби генералии Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ Абдулло Саидхоҷаев директор оид ба нигоҳдорӣ ва Алӣ Сироҷ Шаҳерханӣ директори техникӣ интихоб гардиданд. Инчунин раёсати кумитаҳои дахлдор низ муайян карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз соати 10:00 нахустин Чемпионати Осиё оид ба «Гӯштингирӣ» дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе оғоз мешавад.

Дар Чемпионат иштироки беш аз 100 варзишгар аз 28  давлати ҷаҳон  дар назар дошта шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 20 варзишгар, ки ду нафарашон занон мебошанд, намояндагӣ менамоянд.

Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон Мулораҷаб Халифаев, Хурсанқул Куганов, Ҳамроз Раҷабов, Кароматулло  Ҳакимов, Ҳақназар Назаров, Баҳром Сӯфив, Каримзоди Наврӯз, Муҳиддин Асадуллоев, Абдуллои Ориф, Фирдавс Олимов, Туйчи Шарифов, Фарҳод Раҳматуллобеков, Муслимбек Каримов, Умар Расулов, Ҳайдари  Саидкабирзода,  Мирзоҷамил Рамазонов, Рашид Зиёбеков, Хуршед Маҷидов, Шоҳида Қаландарова ва Мавлуда Одинаева шомил мебошанд.

Фонди умумии ҷоизаҳо 80 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Туҳфаҳои молӣ аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ муайян шудаанд. Барои ҷои аввал 5 000 доллар, ҷои дуюм 3 000 доллар ва ду ҷои сеюм 1 500 доллар муқаррар гардидааст. Мусобиқа аз рӯи 6 вазн баргузор мешавад. Дар панҷ вазн мардон ва дар як вазн занон қувваозмоӣ хоҳанд намуд. Инчунин маблағи алоҳида барои ҷомҳои даставӣ муайян гардида, барои ҷои якум 1500 доллар, ҷои дуюм 1000 доллар ва ҷои сеюм 500 доллар ҷудо карда шудааст.

Бояд таъкид намуд, ки ин чорабинӣ омодагӣ барои баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ мебошад, ки тибқи Тақвими байналмилалӣ доиршавии он моҳи сентябри соли 2023 пешбинӣ гардидааст.

Хотиррасон менамоем, ки моҳи декабри соли 2022 гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) мақоми байналмилалӣ гирифт. Ин дараҷаи байналмилалӣ дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, гӯштини миллӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 27, 2023 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими миллии Марокаш бозӣ мекунад
Дар Душанбе мусобиқаи футбол байни кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон оғоз ёфт
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон аз Тоҷикистон 17 варзишгар иштирок менамояд
Шоҳмотбозони тоҷик дар Олимпиадаи 45-уми ҷаҳонӣ дар Будапешт сабқат доранд
Дар Ниммарафони байналмилалии кӯҳии Эко дар Ҳафткӯли Тоҷикистон варзишгарони 12 давлати ҷаҳон ҷамъ омаданд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал муайян гардид
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал вориди Тошканд гардид
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо баррасӣ шуд
Дар шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон баргузор мегардад
Варзишгарони тоҷик аз Чемпионати Осиё оид ба бокс бо 11 медал ба Ватан баргаштанд
Ширкати «Париматч» дар Тоҷикистон бо амбассадори худ Давлат Болтаев нишасти матбуотӣ доир намуд
Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба бокс байни наврасон ва мактаббачагон соҳиби 11 медал шуданд