Дар Муъминобод бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳамоиш баргузор шуд

Июнь 1, 2023 14:45

МУЪМИНОБОД, 01.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри фарҳанги ноҳияи Муъминобод бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳамоиш доир гардид, ки дар он кӯдакону наврасон маҳсули ҳунару эҷоди худро ба маърази тамошо гузоштанд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода хабар медиҳад.

Дар ноҳияи Муъминобод чун дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат тамоми шароит барои таълиму тарбияи кӯдакон фароҳам оварда шудааст.

Тавре сокини ин ноҳия Момагул Маҳмадова иброз дошт, «дар ноҳияи мо барои кӯдакон мактаб-интернат, боғча ва хонаи тавонбахшӣ фаъолият менамоянд. Дар ин муассисаҳо барои кӯдакон шароити хуб фароҳам оварда шуда, зери назорати ҳамешагии роҳбарияти ноҳия қарор доранд».

Дар ҳамоиши тантанавӣ иброз гардид, ки «масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва ба зиндагии оянда тайёр намудани онҳо ба дӯши волидон ва омӯзгорон, инчунин аҳли ҷомеа мебошад. Мо бояд онҳоро дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем».

Дар ҳамоиш аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи  Муъминобод ба 30 кӯдак туҳфа тақдим карда шуд. Шуъбаи маорифи ноҳия бахшида ба Рӯзи байналмилали ҳифзи кӯдакон озмунҳои гуногун, аз қабили расми беҳтарин, шеъри беҳтарин, суруди беҳтарин, иншои беҳтарин ва хонандаи сол эълон намуда, дар ин чорабинӣ ба ғолибон ифтихорнома ва туҳфаҳо супорид.

Ташкилоти ҷамъиятии занони «Зам-зам», ки яке аз ташкилкунандагони ҳамоиш мебошад, ба кӯдакони дорои имконияти маҳдуд туҳфаҳо тақдим кард.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод

Июнь 1, 2023 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Чангоб» 220 нафар кӯдакони ятими кулл, нимятим ва аз оилаҳои камбизоат ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷиксуғурта» ба шаҳрвандон ва ташкилот беш аз 1,1 миллион сомонӣ ҷуброни суғуртавӣ пардохт намуд
Президенти Тоҷикистон: «Сифати таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳанӯз ба талабот пурра ҷавобгӯ нест»
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пурра бо китобҳои дарсӣ таъмин мебошанд
Дар Душанбе беш аз 13 ҳазор нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Волоияти қонун асоси устувории давлат ва шарти муҳими зиндагии осоиштаи мардум аст»
Дар марказҳои касбомӯзии Тоҷикистон беш аз 20 касби серталаб омӯзонида мешаванд
ОГОҲӢ! Аз 15 то 18 июл дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 25 ихтисоси нав дар соҳаи саноати металлургияи сиёҳ таъсис меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 4700 нафар машғулияти кӯтоҳмуддати касбомӯзиро хатм намуданд
Дар деҳаҳои Дарғ ва Каздони ноҳияи Айнӣ бар асари омадани сел хисороти зиёд ба қайд гирифта шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 шаш санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифт