ЭКСТРИМИЗМ ВА ОҚИБАТҲОИ ОН. Дар ин мавзӯъ дар Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон машғулият доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар мавзуи «Экстримизм ва оқибатҳои он» машғулияти омўзишӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуот ва таҳлили дастгоҳи Кумита марказии ин Ҳизб хабар медиҳад.
Таъкид гардид, ки тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандустӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ яке аз ҳадафҳои меҳварии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Тазаккур дода шуд, ки аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани донишу маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавии ҷавонон пайваста нақшаву барномаҳои гуногун роҳандозӣ мегардад. Масъалаи болозикр ҳамагонро ҳушдор медиҳад, ки ба тарбияи насли ҷавон ҳар чӣ бештару беҳтар қувваи идеологияи созанда ва ғояи ватандўстона равона гардад.
Дар идомаи машғулият мафҳуму моҳияти экстримизму гурӯҳҳои ифротӣ барои шунавандагон аз ҷиҳати назариявӣ тавзеҳ дода шуда, иброз гардид, ки омилҳои ба ин равияҳо дода шудани ҷавонон дониши пасти дунявӣ, динӣ ва ҳуқуқии онҳо ба шумор мераванд.
Гуфта шуд, ки ин гурӯҳҳо тарҳи кишварҳои абарқудрат буда, барои амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худ, зери ниқоби ислом амалҳои муғризонаву дасискоронаи худро ба роҳ мемонанд.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи мубориза бо ин амалҳои номатлуб ҳанӯз аз даврони нахустини соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Дар ин самт Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллиро бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамуда мутобиқ гардонидааст.
Ҳамзамон иброз гардид, ки барои пешгирӣ намудани оқибатҳои ин хатарҳо, ҳифзи амнияти миллӣ, истиқлоли давлатӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ваҳдату ҳамбастагӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ омили асосӣ ба шумор меравад.
Дар ин радиф, фарҳанги муносибат бо иттилоъ ва истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, манбаъҳои муътамади ахбор ва тафаккури интиқод, саҳеҳият ва дурустии факту рақам ба ҳама гуна маълумот баҳри пешгирии оқибатҳои он чораҷуӣ менамояд.
Тазаккур дода шуд, ки имрӯз ҷавононро зарур аст, ки ҳамчун насли ояндасоз, нерӯи пешбаранда, қувваи созанда ва такягоҳи боэътимод мавқеи худро дар ҷомеа муайян намуда, бо ташаббусҳои тоза, ибтикороти ҷадид ва ғояҳои созанда ҷиҳати решакан намудани зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла терроризму экстремизм саҳмгузор бошанд.
АКС: Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








Дар шаҳри Турсунзода оид ба шарҳи роҳҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм вохӯрӣ доир шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун вохӯрӣ намуд
ҲХДТ ва Ҳизби коммунистии Чин робитаҳоро густариш медиҳанд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Доир ба татбиқи грантҳои Хазинаи пандемикӣ дар Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?






