Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ аз Қалъаи Ҳисор ва боғи «Шаршара» боздид намуд
ДУШАНБЕ, 06.06.2023/АМИТ «Ховар»/. Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором хонум Армида Салсиаҳ Алишаҳбана ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда, аз Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии шаҳри Ҳисор боздид намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр, назди лавҳаи монументалии рамзии «Водии зарнисор» ва дар остонаи Арки Қалъаи Ҳисор тибқи анъанаи аҷдодӣ бо нону ширинӣ роҳбарияти шаҳр истиқбол гирифт.
Меҳмонон аз Арк, Аскархона, Амфитеатр, Қасри Ҳоким, дӯконҳои ҳунармандӣ ва растаҳои фурӯши армуғонҳо дидан намуданд.
Роҳбалади Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии шаҳр ба меҳмонон оид ба таърихи сеҳазорсолаи Ҳисори шодмон мухтасар маълумот дод. Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ оид ба Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором хонум Армида Салсиаҳ Алишаҳбана ҳамзамон аз боғи зимистонаи «Шаршара» боздид намуд.
АКС:Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор










Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» идома дорад
Китоби «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе» аз чоп баромад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт






