МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ. Дар Норак ба ҷавонон аз даст надодани ҳушёрию зиракии сиёсиро таъкид намуданд
НОРАК, 15.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ифротгароӣ – зуҳуроти номатлубест, ки на танҳо барои кишварҳои алоҳида ё минтақаҳои муайян, балки барои тамоми сайёра ва ҷомеаи осоишта хатари бузург дорад. Чӣ бояд кард, то ҷавонони мо фирефтаи таблиғоти ин созмону ҳаракатҳои характери ифротиву террористидошта нагарданд? Ин суолест, ки ҷомеа имрӯз ба он посух меҷӯяд. Дар ин хусус 14 июн зимни мулоқоти гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо сокинон, ҷавонон ва волидайни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр гуфта шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабар доданд, дар мулоқот масъулин оид ба раванди иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» маълумот дода, аз ҷумла изҳор намуданд, ки ифротгароӣ – ин экстремизм аст. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» маънии калимаи «ифрот» чунин оварда шудааст: аз ҳад гузаштан, зиёдаравӣ кардан, аз андоза берун баромадан. Маънии калимаи лотинии extremus низ қариб айнан ҳамин чиз аст: амале ё ақидаеро ба ҳадди ифрот расонидан, ба ақидаҳои ба ҳадди ифрот расонидашуда пайравӣ кардан мебошад.
Таъкид гардид, ки барои анҷом додани амалҳои носолими худ ин гурӯҳҳои даҳшатангез асосан аз нерӯи ҷавон ва махсусан ҷавонони дорои дониши нокифоя ва ноогоҳ истифода мекунанд ва онҳоро бо ҳар роҳу восита ба доми худ мекашанд.
Хотиррасон гардид, ки дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир баҳри ҳифзи манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ назди ҷавонон вазифаҳое истодаанд, ки иҷрои онҳо баҳри таҳкими истиқлолият ва бақои давлату миллат аҳмияти бузургеро доро мебошанд. Бахусус, аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва ҳушёрӣ зарур аст, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мегардад.
Барои насли ҷавон ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, боло гузоштани арзишҳои миллӣ аз ҳама гуна манфиатҳои шахсӣ бояд нуктаи меҳварӣ бошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак