ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 июн, панҷшанбе, 152-юмин рӯзи соли 2023

Июнь 1, 2023 08:00

1 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарони ҳукуматҳо ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ ба Душанбе омадаанд, мулоқот намуданд.

***

  14 сол қабл, дар ин рўзи  соли 2009  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таҷлили зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» фармон имзо карданд, ки пас аз он дар ҷумҳурӣ  ҳар сол 30 сентябр Рӯзи Мавлоно таҷлил карда мешавад.

***

 1 июни соли 2012 сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин аз музофоти Фуҷиан, ки дар ҷанубу шарқи ин кишвар қарор дорад, оғоз ёфт. Пешвои миллат дар он ҷо бо мири (котиби кумитаи ҳизбии) шаҳри Сямэн Лю Кесин мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили ташкил ва густариши ҳамкории Тоҷикистон бо ин шаҳри бузургу бостонии кишвари Чин баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба  боғи «15-солагии истиқлоли Тоҷикистон», ки бунёдаш 18 феврали соли 2006 бо иштироки Президенти мамлакат  оғоз ёфта буд, ташриф оварданд. Боғи мазкур дар масоҳати 450 гектар бунёд шудааст.

1 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи  байналмилалии муҳофизати  кӯдакон.

***

Дар Тоҷикистон — Рӯзи кормандони мақомоти  назорати маводи нашъаовар

***

Дар Комбоҷа – Рӯзи шинонидани дарахт.

***

Дар Муғулистон — Рӯзи кӯдакон.

РӮЙДОДҲО:

1 июни соли 2010 бинои нави Муассисаи давлатии «Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзоб» ба истифода дода шуд. Барои бунёди бинои мазкур Ҳукумати мамлакат 800 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда буд.

***

1 июни соли 2010 дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия  рӯйхати дастаҳои футболе, ки дар бозиҳои олимпии Лондон-2012 иштирок мекарданд, ба тасвиб расид. Ба он  34 дастаи футболбозон, аз ҷумла, дастаи миллии Тоҷикистон низ шомил шуд.

***

1 июни соли 2011 Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба тасвиб расонид.

***

1 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвазири вақти мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо –сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2019 дар Маҷмааи савдои «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе ба ифтихори 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки беҳтарин занбӯрпарварони ҷумҳурӣ Иди асал бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.  Дар  он  занбӯрпарварон аз тамоми гӯшаҳои мамлакат, хусусан аз вилояти Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи  ҷумсҳурӣ  ширкат варзида, беҳтарин намудҳои асалро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд.

***

Соли 2022 Дар шаҳри Тошканд байни  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказии Узбекистон таҳти унвони “Нақши шарикии стратегии Тоҷикистон ва Узбекистон дар таъмини рушди устувори Осиёи Марказӣ Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии муштарак баргузор  шуд.

Июнь 1, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 апрел, ҷумъа, 117-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 апрел, панҷшанбе, 116-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 апрел, чоршанбе, 115-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 апрел, душанбе, 113-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 апрел, якшанбе, 112-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 апрел, шанбе, 111- умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 апрел, ҷумъа, 110- умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 апрел, панҷшанбе, 109-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 апрел, чоршанбе, 108-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 апрел, сешанбе, 107-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 апрел, душанбе, 105-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 апрел, якшанбе, 105-умин рӯзи соли 2024 аст