ТИРГОН — ҶАШНИ РАСИШИ ГАНДУМ ВА ОБ. Мулоҳизаҳои коршинос дар ин мавзуъ

Июнь 23, 2023 08:41

ДУШАНБЕ, 23.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Якшанбеи охири моҳи июн дар Тоҷикистон баргузории ҷашни Тиргон дар якҷоягӣ бо Иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» дар назар дошта шудааст. Моҳи Тир (тирмоҳ, баробари 21 июн — 21 июл) дар фасли гармо, дар тобистон рост меояд. Дар ин давра ғалла ва меваҳои зиёд мепазанд. Ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин рӯёнидаи деҳқонон оғоз мешавад. Дар робита ба таърихи пайдоиш ва таҷлили ин ид  мухбири АМИТ «Ховар» Шаҳлои САДРИДДИН бо Мушовири президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, академик Давлат КОМИЛЗОДА ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»: Тиргон ҷашни даъвати борон аст, то куҷо ин гуфта ҳақиқат дорад?

Д.Комилзода: Ҷашни Тиргон дар радифи ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон ҷашни мавсимии кишоварзон буда, дар фасли тобистон, айёми расиши гандум ва ҷамъоварии он баргузор мегардид. Оид ба пайдоиш ва моҳияти ҷашни Тиргон дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ривоятҳои мухталиф оварда шудаанд. Дар аксари онҳо омадааст, ки ҷашни мазкур дар рӯзи сенздаҳуми моҳи Тир, ки он рӯзро низ Тир меномиданд, баргузор мегашт. Барои расиши гандум ва гузаронидани кишти ангории (такрории)  зироат ба кишоварзон ҳатман об лозим буд.  Аз ин лиҳоз, мардум бо шодию нишот ҷашни Тиргонро баргузор намуда, хоҳишманд буданд, ки борон бошад  ва аз хушксолӣ нишоне набошад. Бинобар ин, парастиши об дар  байни мардуми тоҷик решаи ниҳоят қадим дорад. Агар ҷашни Сада ба оташ, Наврӯз ба замин, Меҳргон ба рӯшноию ҳаво, ҳосили зироат вобаста бошад, ҷашни Тиргон бевосита ба об иртибот дошта, онро ҷашни расиши гандум ва ҷашни об гуфтан мумкин аст. Яъне ҷашнҳои мавсимии кишоварзони тоҷик ба чор  унсури ҳаётовар – об, ҳаво, хок ва  оташ бевосита иртибот дошта,  асоси табиӣ доранд.

Дар байни мардуми минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва маҳалҳои тоҷикнишини ҷумҳуриҳои ҳамсоя то солҳои наздик маросимҳои даъвати борон ба монанди: ашаглон,  сусхотун, чиллахотун ва ғайра гузаронида мешуданд. Ин аз он далолат медиҳад, ки мардуми тоҷик обро чун неъмати муқаддас ва сарвати бебаҳо дониста, омили асосии ҳаёт мешуморид. Бинобар ин, дар байни халқ то ҳол ақидаи «Обу ҳаёт» мавҷуд аст. Пешниҳодҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини аҳолии дунё бо об, самаранок ва оқилона истифодабарии он, қабули даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» ба расму оинҳои ҷашни қадимаи миллии мо — Тиргон иртибот доранд.

АМИТ «Ховар»: Замони қадим дар моҳи Тиргон чӣ гуна расму оинҳо мавҷуд буданд ва ҳоло мардум чӣ корҳоеро бояд ба анҷом расонанд?

Д.Комилзода: Айёми ҷашнгирии Тиргон мардум хонаҳоро об пошида, покиза мекарданд, либоси тозаи сафед мепӯшиданд, ба якдигар об пошида, умрат мисли об бошад мегуфтанд, зарфҳои куҳнаро мешикастанд, гандуми ҳосили навро орд намуда, нону таомҳо мепӯхтанд ва хони ҷашнӣ ороста, онро бо маҳсулоти нонию меваҷот ва шириниҳо оро медоданд. Инчунин, заминро ҷуфт карда, кишти ангории зироати кишоварзиро мегузаронданд.

Бо гузашти замон расму оинҳои ҷашнҳо тағйиру мукаммал гашта, дар шароити муосири рушди илму техника ва технология ба кишоварзони мо лозим аст, ки дар арафаи ҷашни Тиргон чунин чорабиниҳо, аз қабили таъмир намудани иншооти обтаъминкунӣ, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо, омода намудани замин ба кишти такрорӣ, захира намудани тухмиҳои хушсифати зироати тезрас ва кишти саривақтии онҳо, иҷрои чорабиниҳои агротехникии парвариши зироат, омодагӣ барои саривақт ҷамъоварии ҳосилу коркарди онро анҷом диҳанд. Риояи талаботи мазкур, имконият медиҳад, ки кишоварзон заминро самаранок истифода бурда, ҳосили дилхоҳро  ба даст оранд.

АМИТ «Ховар»: Ҷашни Тиргон иди кишоварзон аст ва дар баробари ин нақши олимони соҳа дар рушду тараққии ин самт ногузир аст. Мегуфтед, ки олимони соҳа дар соли сипаригардида ба чӣ дастовардҳое ноил шуданд?

Д.Комилзода: Боиси ифтихор аст, ки аз ҷашни Тиргони соли гузашта то Тиргони имсол кишоварзони ҷумҳурӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Аз ҷумла, истеҳсоли маҳсулоти соҳа зиёд ва таъминоти мардум бо ғизо беҳтар гардида, содироти меваю сабзавот ба хориҷи мамлакат меафзояд. Дар ин давра олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон низ ба дастовардҳои муайян соҳиб гардиданд. Олимони  муассисаҳои илмии Академия соли ҷорӣ доир ба дастовардҳои илмӣ соҳиби 13 патенту шаҳодатномаи муаллифии ихтироот, 6 хабарнома барои натиҷаи мусбати экпертизаи расмӣ ва 3 арзнома гардиданд.

Бо қарори Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироати кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон се навъи зироати кишоварзӣ ноҳиябандӣ гардида, 7 навъи дигар аз ҷониби комиссияи мазкур ба таври расмӣ қабул карда шуданд. Ҳоло навъҳои ватании зироати кишоварзӣ аз 40 то 80%-и  майдонҳои кишти ҷумҳуриро ташкил намуда, барои зиёд шудани истеҳсоли  маҳсулоти  хушсифати соҳа  мусоидат  менамоянд.

Олимони самти чорводории Академия дар натиҷаи меҳнати  самарабахшу тӯлонӣ зоти алои сершири тоҷикии чорвои калони шохдор, зоти гӯсфанди маҳинпашми тоҷикӣ ва типи занбӯри асали тоҷикиро офариданд, ки онҳо бо қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, саршумори зиёди онҳо дар хоҷагиҳои чорводории ҷумҳурӣ  парвариш карда мешаванд. Инчунин бояд гуфт, ки олимони Академия ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату кумитаҳои соҳавӣ зиёда аз 20 пешниҳодро доир ба ҳалли  масъалаҳои рӯзмарраи рушди илму истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ ирсол намуданд, ки аксари онҳо  амалӣ  гардида  истодаанд.

Ҳамзамон бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни Тиргон олимони Академия ҷиҳати тарғибу татбиқи ҷашни мазкур, расонидани ёрии машваратию амалӣ ба хоҷагидорон доир ба омода намудани мошинолоти кишоварзӣ ва замин ба кишти такрорӣ, ташхис ва мубориза бо касалиҳои зараррасони зироат ва риояи талаботи агротехникаи парвариши онҳо чорабиниҳоро амалӣ намуда истодаанд. Дар хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили гандум ва кишти такрории зироати кишоварзӣ бомаром идома дорад. Барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Тиргон Вазорати кишоварзии Тоҷикистон бо ҷалби олимони соҳа нақша-чорабиниҳоро таҳия намуда,   амалишавии он идома дорад.

Боварӣ дорем, ки кишоварзони мамлакат расму оинҳои ҷашни Тиргонро риоя намуда, ҳосили фаровони зироатро ба даст меоранд. Ва аз ин фурсат истифода бурда, ҳамаи сокинони ҷумҳурӣ, махсусан кишоварзонро бо фарорасии ҷашни Тиргон табрик намуда, барояшон сиҳатмандию барори кор ва файзу баракат орзумандем.

АКС: АМИТ «Ховар»/аз бойгонии муаллиф

Июнь 23, 2023 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад