ИНТИХОБИ МАН-МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ. Дар шаш моҳ иттиҳодияи «Нассоҷии тоҷик» беш аз 100 ҳазор дона либоси мактабӣ истеҳсол намуд

Август 18, 2023 13:00

ДУШАНБЕ, 18.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 28 июли соли 2023 бо мақсади дастрасии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо либос ва лавозимоти мактабӣ ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ дар ҷойҳои муайянгардида бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ идома дорад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» ба ярмаркаи доимамалкунанда-намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ, воқеъ дар назди Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» рафта, бо масъулин ва волидайни хонандагон ҳамсуҳбат гардид.

Сардори шуъбаи кадрҳои Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» Шифо Собиров иброз дошт, ки «давоми соли 2022 ба миқдори 255 ҳазору 404 дона либоси мактабӣ истеҳсол шудааст. Давоми шаш моҳи соли 2023 дар коргоҳи мо ба миқдори  107 ҳазору 272 дона либоси мактабӣ ба маблағи 469 миллиону 1500 сомонӣ дӯхта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи сои гузашта ба андозаи 104 ё ба маблағи 177 ҳазору 900 сомонӣ зиёд мебошад».

Тавре аз мушоҳида бармеояд, новобаста аз истеҳсоли барзиёди либосҳои ватанӣ талаботи он аз ҷониби аҳолӣ камтар ба назар мерасад. Сабаби онро масъулин ба вазъи иҷтимоии ҳар хонавода рабт доданд.

«Ба либосҳои мактабӣ бештар синфҳои якум ва болоӣ ниёз доранд. Сабаби дигари кам будани талабот он аст, ки дар баъзе оилаҳо хонанда як либосро ду сол истифода менамояд. Либосҳои мактабӣ дар асоси шартномаи корхонаи истеҳсолӣ ва шуъбаҳои маорифи ноҳияҳо истеҳсол мешаванд», -иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи ӯ, волидайне, ки ба ярмаркаи мо меоянд, аз сифати хуби либосҳо изҳори қаноатмандӣ менамоянд. Зеро дар коргоҳи мо се навъи матоъ: сифати олӣ, миёна ва пасттар истеҳсол мешавад, ки мизоҷон вобаста ба имкони худ либос мехаранд.

Дар ин ҷо хонандагоне, ки андозаи худро пайдо намуда наметавонанд, метавонанд дар коргоҳи дӯзандагӣ тибқи дархосташон либоси мактабӣ фармоиш диҳанд».

Бояд тазаккур дод, ки таъмини хонандагон бо либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ аз масъалаҳои муҳим маҳсуб шуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт пайваста тадбирҳои судманд меандешад. Ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пайваста масъулинро водор менамоянд, ки истеҳсоли либосҳои мактабиро дар ҷумҳурӣ афзоиш дода, ба ин восита ҷойҳои нави корӣ таъсис ва ҳамзамон хонандагони мамлакатро бо либосҳои хушсифати арзон таъмин намоянд.

ИИ «Нассоҷии тоҷик» дӯхти либоси мактабиро дар асоси талаботи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм таҳия шудааст, ба роҳ мондааст. Дастурамали мазкур соли 2007 ба тасвиб расида, ба тамоми корхонаҳои истеҳсолӣ пешниҳод гардидааст. Аз моҳи январи соли 2018 инҷониб Стандарти давлатии «Либоси мактабӣ» қабул гардида, корхона бо риояи талаботи ин стандарт либосҳои мактабӣ истеҳсол менамояд.

Бо мақсади амалӣ намудани истеҳсоли маҳсулоти босифат аз ҷониби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Либосҳои мактабӣ–шартҳои умумии техникӣ» бо қайди давлатии СТҶТ 1110-2018 таҳия гардида, ба корхонаю коргоҳҳои соҳа ҷиҳати дар асоси он истеҳсол намудани молу маҳсулоти худӣ пешниҳод шудааст.

Имсол аз ҷониби кормандони «Тоҷикстандарт» дастурамали тавсиявӣ доир ба тарзи дурусти тарҳрезии либосҳо, сифат ва андозаи онҳо таҳия гардида, ба корхонаҳои дӯзандагии мамлакат пешниҳод шуд.

Ба гуфтаи масъулин, имсол дӯхти либосҳо аз рӯи ин дастурамал амалӣ шуда, дар асоси он ҳам сифат ва ҳам андозаи либос шинаму зебо ва писанди хонандагону волидон гардид.

Тазаккур дода шуд, ки роҳбарияти ИИ «Нассоҷии тоҷик» барои ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ гардидани либосҳо барои коргоҳ таҷҳизоти нави замонавӣ харида, барои баланд бардоштани малакаи кормандон ба корхона беҳтарин тарроҳон ва технологҳоро аз Олмон, Туркия, Чин ва дигар давлатҳои ИДМ даъват менамояд.

Ин мутахассисон бо дӯзандаҳои корхона машғулияти омӯзишӣ гузаронида, ба онҳо тарзи дӯхтани либосҳои мактабиро меомӯзонанд.

Зимни боздид аз ярмаркаи мазкур бо чанд нафар хонандагон ва волидайни онҳо доир ба сифати либосҳои мактабӣ суҳбат кардем. Агар солҳои пеш баъзе аз сокинон аз сифату тарҳи либосҳои ватанӣ изҳори нигаронӣ доштанд, имрӯз баръакс, сифати онро хуб арзёбӣ менамоянд.

Сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Миҷгона Ҳабибова, ки соҳиби се фарзанди мактабхон аст, бори аввал дар ин ярмарка иштирок намудааст. «Солҳои қабл либоси мактабиро аз бозорҳои шаҳр бо нархи гарон мехаридам. Имсол ба фарзандонам аз Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» ба андозаи худашон бо нархи арзон ва матои пахтагин либоси мактабӣ фармоиш додам. Либоси мактабии дар ин ҷо ба фурӯшбароварда сифати хуб ва нархи дастрас дорад».

Сокини дигари пойтахт Машҳураи Раҳматулло, ки барои писараш- хонандаи синфи 2 либоси мактабӣ интихоб менамуд, гуфт, ки «сифати либосҳои мактабии корхонаҳои дӯзандагии мамлакат сол то сол беҳтар мегардад. Азбаски онҳо дар ҷумҳурии мо истеҳсол мешаванд, нархҳо ҳам гарон нестанд. Хуб мешуд, ки савдогарони бозор моли истеҳсоли ватаниро бештар ба фурӯш гузоранд».

Модари як хонанда зимни суҳбат гуфт, ки ҳар сол дар интихоби либосҳои мактабӣ ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мегардид. Ба гуфтаи ӯ, агар андозаи костюм мувофиқ меомад, шимаш кӯтоҳ ё танг буд ё баръакс. «Имсол ба ин мушкилӣ дучор нагардидам, ба ман дар ин ярмарка тавсия доданд, ки тибқи фармоиш либос дархост намоям. Андоза гирифта, либосро тибқи он омода намуданд», — гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки ин корхонаи дӯзандагӣ дар заминаи ҶДММ «Иттиҳодияи истеҳсолии Нассоҷии тоҷик» соли 2015 бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Маблағгузории умумӣ барои бунёди корхона 500 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дода, дар он 350 ҷойи кор таъсис ёфт. Дар корхонаи мазкур инчунин либосҳои мардона ва занона барои калонсолон бо тарҳи замонавӣ дӯхта мешаванд. Таҷҳизоти корхонаро соҳибкорони маҳаллӣ аз кишварҳои пешрафтаи олам, аз қабили Олмон, Чехия, Чин, Туркия ва Корея ворид кардаанд.

Дар айни замон дар корхона 2102 нафар мутахассисон ба кор фаро гирифта шудаанд.

 Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (акс)

АМИТ «Ховар»

 

Август 18, 2023 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муқаддастарин арзиши ҳаёт-дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани марзу буми Ватан мебошад», — бардошт аз ҳамоиши идона дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
РУШДИ МАОРИФ. Дар Тоҷикистон зинаи сеюми таҳсил ҳатмӣ мешавад
Мактабҳои шаҳри Душанбе ба баргузории Барномаи байналмилалии дастовардҳои таҳсилии хонандагон (PISA 2025) омода мешаванд
ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Бо мақсади гузариш ба таҳсили рақамӣ дар Душанбе китобхонаи электронӣ ташкил гардид
«ҲОМИЁНИ ВАТАНЕМ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиш доир шуд
Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хатмкунандагони равияи омӯзгории муассисаҳои олиро ба мактабҳо ҷалб менамояд
Соли 2024 дар Бадахшон зиёда аз 40 корхонаи саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 6260 иншоот бунёду навсозӣ карда мешавад
Дар шаҳри Панҷакент толори арӯсӣ ва кошонаи ҳусн ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе мутахассисон тибқи талаботи Стандартҳои федералии давлатии таҳсилоти олии насли сеюм омода мегарданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 41 бинои баландошёна сохта ба истифода дода шуд