ИДИ КАСБӢ МУБОРАК! Тайи 29 сол мақомоти мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулода баробари давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон рушд ёфт
ДУШАНБЕ, 17.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 17 август ҳамчун Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ эътироф шудааст. Рӯзи кормандони мақомоти мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулода-иди наҷотдиҳандагони касбӣ ва нафароне мебошад, ки барои онҳо ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди мамлакат асоситарин рисолати ҳаётӣ мебошад. Имсол ба фаъолияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат 29 сол пур мешавад. Дар робита ба ин хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сардори Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Ҷамшед Камолзода ҳамсуҳбат шуд.
АМИТ «Ховар»: 17 август ба таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 сол пур мешавад. Тӯли ин солҳо фаъолияти он ба кадом самт равона буд?
Ҷамшед Камолзода: Мақомоти мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодаи мамлакат дар баробари давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон рушд ёфтааст. Имрӯз мо 29-солагии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданиро ид менамоем. Маҳз бо талошу заҳматҳои зиёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумат — Раиси Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи истиқлолият сохтори мукаммали идоракунии соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ тибқи меъёрҳои замони нав бунёд гардид, ки баҳри ҳифзи аҳолӣ аз офатҳои табиӣ заминаи устувор гузошт.
Дар шароити мушкили буҳрони иқтисодии солҳои 1994 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ҳал намудани дигар мушкилиҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ ба таъмини амнияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсус дода, системаи таъсирбахши пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаро ташкил намуданд. Бо ин мақсад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат бо қарори Шурои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1994 ташкил шуд.
Дар робита ба ин саҳми босазои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими заминаи моддӣ-техникӣ ва иқтидори мақомоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар соҳаи таъмини ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди ҷумҳурӣ аз ҳолатҳои фавқулода беназир мебошад.
Бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти Кумита то имрӯз аз давраи ташкилёбӣ чандин маротиба такмили сохтор гузаронида шуд, ки мақсад аз такмили он зиёд намудани воҳидҳои штатии ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳру ноҳияҳо ва таъсис додани дастаҳои наҷотдиҳии иловагӣ буд. Барои ташкили ҳамоҳангсозии тамоми маҷмуи чорабиниҳои умумидавлатӣ, ҳуқуқӣ, мудофиавӣ ва дигар чорабиниҳоро, ки ба ҳифзи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуд аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ давоми 29 сол Кумита ба пешравиҳо ва дастовардҳои назаррас ноил гашта, баҳри ташаккул ва пешравии соҳа тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст. Кумита ҳоло он ба яке аз сохторҳои асосии давлатӣ табдил ёфтааст, ки ҳамарӯза баҳри ҳифзи аҳолӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода корҳои зиёде ба анҷом мерасонад.
Дар ин давра қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ», «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ», «Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон» ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ ва ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода, ки аз тарафи мутахассисони Кумита омода гардида буданд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуданд.
Бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, таҳкими заминаи моддӣ ва техникӣ ва иқтидори мақомоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар соҳаи таъмини ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди ҷумҳурӣ аз ҳолатҳои фавқулода бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои солҳои 2009 — 2014» ва «Барномаи рушди Кумита барои солҳои 2018-2022» тасдиқ гардида, ба рушди минбаъдаи он замина гузошта шуд.
Бо мақсади ба танзим даровардани тартиби ҳамоҳансозии фаъолияти вазорату идораҳои ҷумҳурӣ оид ба паст намудани хавфи офатҳои табиӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012 дар назди Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ таъсис дода шуд. Платформаи миллӣ ваколатҳои худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, мақомоти худидоракунанда, иттиҳодияҳои ғайридавлатӣ, бахшҳои хусусӣ ва ҷамъиятӣ амалӣ менамояд.
АМИТ «Ховар»: Аз рӯзи аввали таъсиси Кумита то ба имрӯз баҳри бартараф намудани офатҳои табиӣ ва сатҳи омодагии ҳайати шахсиву дуруст интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо кадом корҳо ба анҷом расонида шуданд?
Ҷамшед Камолзода: Дар давраи солҳои 1994-2023 хизматчиёни ҳарбии Кумита ва ҷузъу томҳои он дар бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ, расонидани кумак ба аҳолии зарардида дар қаламрави ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузошта, аз тарафи роҳбарияти давлат борҳо қадрдонӣ шуданд. Танҳо давоми солҳои фаъолияти Кумита дар ҳудуди ҷумҳурӣ офатҳои табиӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ, Конибодом, Ашти вилояти Суғд, Роштқалъа, Ванҷ, Шуғнон, Рӯшон, Дарвоз ва Неругоҳи обию барқии Помир-1 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ҷайҳун, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Хуросон, Панҷ ва Фархори вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Рашт, Рӯдакӣ, Турсунзода, Варзоб, Ваҳдат, Шаҳринав, Роғун, Неругоҳи барқи обии Бойғозӣ ба амал омаданд, ки ба аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат хисороти зиёд ворид намуданд. Инчунин дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида кумаки яквақтаинаи моддӣ, кумакҳо дар намуди хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, ҷиҳози рӯзгор ҷудо гардида, ба воситаи техникаи боркаши Кумита ба ноҳияҳои осебдида расонида шуд ва манзилҳои истиқоматӣ сохта, ба аҳолӣ супорида шуданд.
Имрӯзҳо ба ғайр аз мустаҳкам намудани заминаи моддӣ-техникии Кумита ҳамзамон диққати асосӣ ба тайёр намудани мутахассисон ва наҷотдиҳандагони касбӣ, инчунин омӯзонидани аҳолии мамлакат равона мешавад. Дар заминаи Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумита аз давраи таъсис давра ба давра курсҳои омӯзишӣ амалӣ шуда, имрӯз тамоми шароити зарурӣ барои гузаронидани машғулият, семинарҳо ва дигар чорабиниҳо муҳайё гардидааст. Ҳамзамон иҷрои самараноки вазифаҳои дар назди Кумита гузошташуда дар навбати аввал аз сатҳи омодагии ҳайати шахсӣ, дуруст интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо вобаста аст. Дар робита ба ин таваҷҷуҳи махсус ба такмили дониш ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси кормандони Кумита дода мешавад.
Аз соли 1999 то инҷониб мунтазам кормандони Кумита дар Академияи ҳифзи шаҳрвандии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Русия таҳсил намуда, аз ин шумора хатмкунандагон дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла роҳбарикунанда адои хизмат доранд. Аз соли 2017 курсантҳо ба Академияи ҳифзи шаҳрвандии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Русия интихоб ва ҷалб мешаванд, ки бо ихтисоси «Бехатарии техносферӣ дар самти ҳифз дар ҳолатҳои фавқулода» таҳсил менамоянд. Инчунин мутахассисонро барои Кумита Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр менамояд.
АМИТ «Ховар»: Кумита мақомоти ваколатдори давлатии идораи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019 – 2034 низ ба уҳдаи он вогузор шудааст. Мегуфтед, ки амалигардонии стратегияи мазкур дар кадом сатҳ қарор дорад ва татбиқи он чӣ натиҷа медиҳад?
Ҷамшед Камолзода: Вобаста ба татбиқи тавсияҳои «Барномаи қолабии Сендай оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030», ки бо қатъномаи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 3 июни соли 2015 қабул шудааст, аз ҷониби Кумита дар якҷоягӣ бо шарикони рушд якчанд чорабиниҳо дар доираи Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ андешида шуда истодаанд.
Бояд гуфт, ки дар робита ба рушди соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, такмили сохтор бо пешниҳоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018 «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2034» тасдиқ шуд. Мониторинги иҷрои Барномаи Қолабии Сендай ва Стратегияи мазкур дар ҷаласаҳои Платформаи миллӣ бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ ва донорҳо ба роҳ монда шуда, корҳо дар ин самт идома доранд. Дар айни замон шарикони рушд дар доираи фаъолияти гурӯҳи РЕАКТ (Гурӯҳи баҳодиҳии зудамал ва ҳамоҳангсозӣ дар ҳолатҳои фавқулода) барои амалисозии чорабиниҳои Стратегияи миллӣ тадбир меандешанд. Барои амалисозии Стратегияи миллӣ ҳоло якчанд лоиҳаву барномаҳо дар соҳаи идоракунии хавфи офатҳои табиӣ амалӣ гардидаанд. Аз ҷумла, лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ оид ба сохтмони бинои ҳозиразамони Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ ва марказҳои минтақавӣ, лоиҳаи Бонки Осиёии Рушд оид ба насби радиолокаторҳои нави доплерӣ барои баланд бардоштани иқтидори Хадамоти зидди жола, тавсеаи Низоми огоҳсозии қаблии кӯли Сарез ва сохтмони Маркази ҷойгиркунии муваққатии гурезагон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, лоиҳаи САҲА бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо оид ба бунёди Маркази тайёр намудани начотдиҳандагон дар ноҳияи Шаҳринав. Инчунин гурӯҳи дуюми татбиқи лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ дар назди Кумита таъсис дода шудааст.
АМИТ «Ховар»: Барномаи миёнамуҳлат бо кадом мақсад қабул шуда, чӣ аҳамият дорад?
Ҷамшед Камолзода: Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022 «Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028» қабул гардид. Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028 дар асоси афзалияти калидӣ ва ҳадафҳои мақсадноки Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2034 ва бо дарназардошти муносибатҳои нави Барномаи қолабии Сендай оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 ва Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030, ки ба гузаронидани таваҷҷуҳ аз идоракунии офатҳои табиӣ ба идоракунии хавфи офатҳои табиӣ, баланд бардоштани нақши омили гендерӣ ва ҳамгироӣ ба сиёсати иштироки бахши хусусӣ равона гаштаанд, таҳия шудааст.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки барномаи мазкур мақсад, вазифа ва самтҳои фаъолият, инчунин воситаҳои амалисозии онро барои давраи миёнамуҳлат то соли 2028 муайян менамояд.
Нақшаи амали Барнома барои давраи солҳои 2023-2025 ва 2026-2028 ба такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, воситаҳои ниҳодӣ, таҳияи муносибатҳои нави методологӣ оид ба идоракунии хавфи офатҳои табиӣ, эҷоди тамсилаи мониторинг ва арзёбӣ, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои Стратегияи миллӣ имконияти заминаи мустаҳкам гузоштан доранд, равона шудааст.
Таваҷҷуҳи афзалиятнок дар давраи миёнамуҳлат ба тақвияти тадбирҳо оид ба коҳиш додани хавфҳо, осебпазирӣ ва афзоиши иқтидори аҳолӣ, таҳкими воситаҳои миллӣ дар шароити ҳамгиросозии масоили мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, хусусан дар сатҳи маҳаллӣ, гузаронидани санҷиши усулҳои амалии идоракунии хавфи офатҳои табиӣ, таҳия ва ҷорисозии методология ва воситаҳои аз назари илмӣ асоснок барои ба ҳисоб гирифтани маълумоти ҷудошуда оид ба талафот аз офатҳои табиӣ аз рӯйи ҷинс, синну сол, маъюбият, мубодилаи он ва иттилооти дигари оморӣ, мукаммалгардонии тамсиласозӣ, баҳодиҳӣ, харитасозӣ ва мониторинги хавфи офатҳои табиӣ ва низомҳои огоҳсозии барвақтӣ, ки намудҳои мухталифи таҳдидҳоро фаро мегиранд, амалиёти ба пешгирӣ ва омодагӣ ба эътиногирӣ ба ҳолатҳои фавқулода нигаронида, ки дар натиҷаи на танҳо офатҳои табиӣ, балки дар натиҷаи эпидемияҳо ва пандемияҳо, омилҳои номусоиди иқтисодӣ ва ғайра ба амал меоянд, равона мешавад.
Мақсади Барнома таҳкиму вусъати иқтидори миллӣ оид ба паст намудани хавфи мавҷудаи офатҳои табиӣ ва пешгирӣ намудани бавуҷудоии хавфҳои нави офатҳои табиӣ мебошад.
Зарурати қабули барномаи мазкур- ин тақвият бахшидани иқтидори мақомоти идоракунии давлатӣ дар самти паст намудани хавфи офатҳои табиӣ буда, низоми бо эътимод оид ба омодагӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулодаро барпо менамояд. Ҳамзамон заминаи моддию техникии зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, яъне вазорату идораҳои дахлдор таҳким мешавад. Тасдиқ ва амалӣ гардидани барномаи мазкур имкон медиҳад, ки баҳри амалишавии чорабиниҳои пешбинишуда сармояҳои иловагии хориҷӣ ва воситаҳои созмонҳои байналмилалӣ ҷалб шаванд. Соли 2023 ҳамчун саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалисозии чорабиниҳои барномаи мазкур бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 майи соли 2023 425 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.
Кумита дар оянда низ корҳоро баҳри ҳифзи аҳолии мамлакат, манфиати давлативу таъмини бехатарии миллӣ идома дода, вазифаҳои дар наздаш истодаро пурра иҷро менамояд.
София ШОИК,
АМИТ«Ховар»
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон