Базму сурур дорад, ҳар хонадони Хоруғ. НИГИНЕ ДАР БОМИ ҶАҲОН
ДУШАНБЕ, 18.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бадахшон — вожаи ҷолиб, ки онро Боми Ҷаҳон низ мегўянд, номи як қаламрави васеи атрофи қаторкӯҳҳои Помир мебошад, ки аз Ҳиндукуш то Олой ва Ҳимолой тӯл мекашад. Манзараи нотакрори ин қаламрав, набототу ҳайвоноти нодир ва хеле пурарзиши маҳаллӣ, афсонаву ривоят ва қиссаҳои ҳақиқӣ дар бораи сарватҳои табиии Помир, инчунин ҷойгиршавии геосиёсии он, аз замонҳои қадим таваҷҷуҳи даҳҳо экспедитсияҳои илмӣ, садҳо олимони машҳур ва ҳазорон сайёҳонро аз тамоми ҷаҳон, ки дар таҳияи харитаи Помир, махсусан қуллаҳои баландтарин кӯҳҳо, калонтарин пиряхҳо ва кӯлҳои ҷаҳон иштирок доштанд, ба худ ҷалб мекард.
Байни кўҳҳои сарбафалак, дар баландии беш аз 2200 метр аз сатҳи баҳр, дар ҷанубу ғарбии вилоят, дар соҳили дарёҳои Панҷ, Шоҳдара ва Ғунд шаҳри Хоруғ ҳамчун нигине бо таърихи беш аз 2500-сола ҷойгир аст. Ин қаламрав, тавре аз саҳифаҳои таърих бармеояд, ҳанўз дар замони истилои мақдуниҳо 2340 сол қабл, яке аз мавзеъҳои маъмули қисмати шарқии Осиёи Миёна маҳсуб меёфт.
Хоруғи муосир бо 32,5 ҳазор нафар аҳолӣ, яке аз марказҳои муҳимми иқтисодӣ, сайёҳӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангиву маърифатии Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз миёни шаҳр шоҳроҳи Помир мегузарад, ки ҷумҳуриамонро бо ҳамсоякишварҳо мепайвандад.
Ҳамаи он дастоварду таҳаввулоте, ки тайи 32 соли истиқлолият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯйи кор омадаанд, аз шарофати дастгирии ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Мардуми сарбаланди вилоят ҳамчун дигар сокинони Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пос медоранд ва аз он ифтихор мекунанд. Самараи неки соҳибистиқлолӣ аст, ки Роҳбари давлат ба ҳар гўшаву канори мамлакатамон сафар менамоянд, бо мардуми касбу кори гуногун мулоқоту суҳбатҳои хотирмон анҷом медиҳанд ва дар маросими ба фаъолият оғоз намудани даҳҳо иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, маъмурӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва иншооти хизматрасонӣ ширкат менамоянд, ки ин ҳама ободиҳо ҳосили заҳмати ватандӯстонаи мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.
Бахусус, шаҳри Хоруғ, ки қаблан ба як деҳа шабоҳат дошт, имрӯз ба шаҳри замонавии дорои инфрасохтори муосир табдил ёфтааст. Танҳо дар даҳ соли охир он қадар дигаргуниҳое ба амал омадаанд, ки кас тасаввур ҳам карда наметавонист. Далели ин гуфтаҳо қомат афрохтани иншооти гуногуни иҷтимоиву саноатӣ, бунёду азнавсозии роҳҳо ва чароғон шудани кўчаҳои шаҳри Хоруғ мебошанд.
Аз чеҳраҳои хоруғиён ҳувайдост, ки пиру барно бо садои доирабазми суннатии мардуми кӯҳистон ва гулу гулдаста ташрифи навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо садоқату муҳаббат ва самимияти бепоён пазироӣ намуданд.
Зеро, ҳар як сокини ватандўсту бедордили Хоруғшаҳр ба хубӣ дарк менамояд, ки ҳамаи ободиву шукуфоӣ ва имкониятҳои нави рушду нумуи минбаъда маҳз бо қадамҳои мубораки Роҳбари давлатамон фароҳам оварда мешавад ва бо ҳидоятҳои ин марди шариф Хоруғ номи «Нигини Бадахшон»-ро гирифтааст.
Дар идомаи сафари бобарори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ санаи 17 август дар доираи «Солҳои рушди саноат» эълон намудани солҳои 2022-2026 дар шаҳри Хоруғ се корхонаи истеҳсоли сангҳои сохтмонӣ, пойафзол, конструксияҳои металлӣ ва истеҳсоли мебел мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки барои таъмини мардум бо маводи ватанӣ ва худкифоии иқтисодии Тоҷикистон бисёр муҳим мебошад.
Ҳамчунин, Пешвои миллат бо рафти фаъолияти корхонаҳо ва истеҳсолоти маҳсулоти дохилӣ шинос шуданд. Имрўз дар ҳудуди вилоят 88 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, дар 6 моҳи соли 2023 ба маблағи 75,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. Тибқи нақша то таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону ба истифодадиҳии 92 корхонаи дигари саноатӣ бо 1440 ҷойи нави корӣ дар назар аст. Бо иқдомҳои созандаи роҳбарияти олии давлат дар 6 моҳи соли 2023 дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят 6 корхонаи нав ба фаъолият оғоз намудааст, ки то анҷоми сол миқдори онҳо ба 29 адад расонида мешавад.
Дар арафаи рўзи кормандони соҳаи тиб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Беморхона-дармонгоҳи Раёсати ВКД дар ВМКБ-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки барои муолиҷаву табобати беморон ва хизматрасонии босифат ба онҳо 27 нафар мутахассиси соҳибмалака ба кор ҷалб гардидаанд.
Боиси хушнудӣ аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони марказии ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бинои истиқоматии 12-ошёнаро мавриди истифода қарор доданд. Иншоот аз ду бинои асосии 12-ошёна ва аз 66 манзили дуҳуҷрагӣ ва 22 хонаи якҳуҷрагӣ иборат буда, дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 4 ширкати маҳаллӣ ва беш аз 150 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида буданд. Инчунин, ба хотири сайру саёҳати шомгоҳии сокинон 10 сутуни равшанидиҳанда шинонида шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Хоруғи Боло бинои дуюми МТМУ № 8-ро мавриди истифода қарор доданд, ки барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Дар маҷмуъ, ду бинои ин муассисаи таълимии муосир 32 синфхона ва 13 ҳуҷраи гуногун барои омӯзиши ҳунарҳо ва компютерӣ мебошад, ки бо 55 компютер муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар муассисаи муосири таълимӣ 29 омӯзгор ба таълиму тарбияи 345 хонанда машғул мебошанд.
Барои татбиқи солҳои 2022-2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат” дар ҳудуди вилоят бунёди 92 корхона ба нақша гирифта шуда, танҳо дар соли равон 20 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба истифода дода мешаванд. Танҳо дар соли 2022-юм дар шаҳри Хоруғ, 11 коргоҳ ва корхонаи нави саноатӣ мавриди истифода қарор дода шудааст, ки боз сохтмону барқарорсозии 22 корхонаву коргоҳи саноатӣ дар нақша буда, то ба имрӯз 10 корхонаи нави саноатӣ дар маркази вилоят бунёд гардидааст.
Умед дорем, ки бо истеҳсоли маҳсулоти босифат, ки дар намоишгоҳҳо ба маърази тамошо гузошта шуданд, молҳои ин корхонаҳо, на танҳо дар қаламрави вилоят, инчунин дар бозорҳои ҷумҳурӣ ба фурўш гузошта мешаванд.
Ҳамин тавр, чун анъана Сарвари ятимпарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар кӯдакону наврасони ятиму дорои имконияташон маҳдуди ҷисмонӣ аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ мулоқот анҷом дода, туҳфаҳо низ тақдим карда шуд.
Дар пайи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз даҳҳо шоҳкориҳо дар назар дошта шудаанд, ки дар оянда симои шаҳри Хоруғро боз ҳам дилработар ва некуаҳволии сокинонашро боз ҳам беҳтар мегардонад. Ин дар навбати худ барои ободу зебо ва рушду нумуъ ёфтани боз як гўшаи мамлакатамон саҳми босазое гузошта, дар тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ ва омӯзиши илму дониш бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи Ватан ҳидоят мекунад. Чунонки шоири ширинсухан гуфтааст:
Зебову дилписанданд, гулдухтарони Хоруғ,
Хуршеди нав баромад дар осмони Хоруғ.
Чун Пешвои миллат ғамхори ин макон аст,
Дасти дуо кушоданд, пиру ҷавони Хоруғ.
Бар сокинони Хоруғ фархунда бод ин рўз,
Шаҳри саноатӣ шуд, шаҳри ҷавони Хоруғ.
Шуҳрат АЗИЗЗОДА
Мушовири бахши Ёрдамчии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ
ва робита бо ҷомеа
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон