Дар Душанбе оид ба вазъи амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 18.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади натиҷагирӣ аз баргузории Вохӯрии панҷуми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Мониторинги вазъи амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ: ҳолат ва дурнамо» конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода изҳор дошт, ки имрӯз давлатҳои Осиёи Марказиро на танҳо ҷуғрофия ва таърихи умумӣ, балки манфиатҳои муштарак дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, амниятӣ ва ғайра муттаҳид месозанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи давлатҳои фаъол дар раванди ҳамгироии минтақавӣ ба шумор меравад.
Мавсуф баргузории чунин ҳамоишро барои тақвияти амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, мустаҳкам гардидани ҳамгироӣ байни давлатҳои минтақа ва шарикони стратегии онҳо муҳим унвон намуда, баён дошт, ки «Тоҷикистон ҳамчун бахши ҷудонопазири минтақа нисбат ба равандҳои минтақавӣ ҳаргиз бетафовут нест. Зиёда аз ин, Тоҷикистон давлати фаъоли минтақа ва ташаббускор дар равандҳои ҳамгироии минтақавӣ ба шумор меравад. Дар сиёсати хориҷии бисёрсамтии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 32 соли Истиқлолияти давлатӣ ба рушди ҳамкорӣ дар минтақа аҳаммияти аввалиндараҷа дода мешавад»,-афзуд директори Марказ.
Таъкид гардид, ки дар амалияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон зери мафҳуми «минтақа» ба таври анъанавӣ, пеш аз ҳама, давлатҳои Осиёи Марказӣ дар назар дошта шудааст. Дар санадҳои расмии соҳа дар ин бора таъкид мегардад, ки таҳкими муносибатҳои дуҷониба бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Қирғизистон бояд ҳамеша аз рӯйи эътимод, дӯстӣ ва ҳамкории судманд ба роҳ монда шавад.
Ҳамзамон изҳор шуд, ки ҳадафҳо ва вазифаҳои муштарак дар минтақа давлатҳоро водор месозанд, ки бо истифода аз зарфияти ҳар давлати минтақа барномаҳо ва стратегияҳои муштаракро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ коркард намуда, бо дарназардошти манфиатҳои кишварҳои ҳамсоя сиёсати созанда ва устуворро пеша намоянд.
Дар конфронс масъалаҳои зерин, аз ҷумла вазъи амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ: ҳолат ва дурнамо, натиҷаи мулоқоти душанбегии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, мавқеъ ва ҳамкории давлатҳои минтақа дар мубориза бо таҳдидҳои замони муосир; Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди минтақа, вазъ ва дурнамои амнияти иқтисодии Осиёи Марказӣ, дурнамои таъмини амнияти энергетикии мамлакатҳои минтақа мавриди баррасӣ ва арёзбӣ қарор гирифтанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Беш аз 60 миллион сомонӣ барои ҳифзи минтақаҳои осебпазир ҷудо гардид
Дар Хатлон мубориза бар зидди зуҳуроти номатлубу хатарнок пурзӯр карда мешавад
ФАРЗАНДОНРО АЗ ТАҲСИЛ МАҲРУМ НАКУНЕД! Дар Душанбе беш аз 40 ҳолати монеъ шудан ба таҳсил ошкор карда шуд
Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
«ҲАМКОРӢ–2026». Дар Хатлон машқҳои муштараки стратегӣ гузаронида шуданд
44 ҲОДИСАИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР ДУШАНБЕ. Бо мақсади коҳиши сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» доир мешавад
Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Мотосиклронҳои шаҳри Душанбе ғолиби пойгаи мотосиклронӣ барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон шуданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






