Дар Душанбе вобаста ба коҳиши қоидавайронкуниҳои ҳаракати нақлиёт созишномаи нав имзо шуд
ДУШАНБЕ, 15.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба коҳиш додани қоидавайронкуниҳои ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути сабти аксу видео дар роҳу истгоҳҳо бо низоми зеҳнӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати «RexGen» Созишнома ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусии «Низоми зеҳнии сабти аксу видеоии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ дар нуқтаҳои истгоҳи нақлиёти маршрутӣ ва хатҳои махсуси ҳаракати барои воситаҳои нақлиёти маршрути пешбинишуда тавассути воситаҳои махсуси низоми худидоракунӣ дар соҳаи нақлиёт дар кӯчаву роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе» аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва роҳбари ширкати «RexGen Co.Ltd» Сюнки Джун имзо шуд.
«RexGen» ширкате аст, ки ба ҷомеа тавассути таҳияи технологияҳои нав барои ҳалли мушкилоти соҳаи нақлиёт ва соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ бо истифода аз технологияҳои зеҳни сунъӣ саҳм мегузорад.
Дар ҳошияи созишномаи мазкур дар як марҳила низоми назорати камераҳои мушоҳидавӣ дар 350 истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ бо ҷалби сармоягузории ширкати «RexGen» ба нақша гирифта шудааст.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Дар Душанбе маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи шоир, адиби классикии асри миёнаи Гурҷистон Шота Руставелӣ баргузор гардид
Бо мақсади муаррифии бештари имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе лоиҳаи инноватсионии «QR-роҳнамо» таҳия гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон — меъмори сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон
Дар Душанбе хатсайри нави автобуси барқӣ ба фаъолият оғоз намуд
Масоили рушди низоми нақлиёти шаҳри Душанбе бо БАТР баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ. Ин чорабинӣ дар фазои идона баргузор шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ПАНҶ. Деҳқонон беҳтарин маҳсулоти кишоварзиро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт намуданд
Имрӯз дар пойтахт Рӯзҳои фарҳангии ноҳияҳои Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мегардад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ доир шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Аз маҳсулоти кишоварзӣ то ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ гардид






