Дар Гранд Слами Боку-2023 аз Тоҷикистон 7 варзишгар иштирок менамоянд

Сентябрь 20, 2023 17:34

ДУШАНБЕ, 20.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 22 то 24 сентябр дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон мусобиқаи навбатии «World Judo Tour» – Гранд Слами Боку-2023 оид ба гӯштини ҷудо баргузор мегардад, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо дар ҳайати 7 варзишгар иштирок менамояд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Мусобиқаи навбатии «World Judo Tour» – Гранд Слами Боку-2023 оид ба гӯштини ҷудо бо иштироки 313 варзишгари беш аз 57 давлат доир мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60кг, Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66кг, Маҳмадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 73кг, Шодмон Ризоев дар вазни то 81кг, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 90кг ва Мансур Раҳмон ҳамроҳ бо Шакармамад Мирмамадов дар вазни +100кг муаррифӣ менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки фонди умумии ҷоизаҳо 154 000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибони ҷойи аввал дар ҳамаи 14 вазн 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва медали биринҷӣ 1500 евро ҷоизапулӣ дарёфт менамоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 20, 2023 17:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд