«DUSHANBE INVEST 2023». Дар Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузорӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 29.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-инвест 2023» оғоз гардид. Дар оғоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони Форуми байналмилалӣ бо паёми видеоӣ муроҷиат намуданд.
Дар қисмати расмии ифтитоҳи Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода суханронӣ намуданд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия Саидзода аз Кохи Истиқлол иттилоъ дод, дар кори Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023 ҳамчунин Сарвазири Озарбойҷон муҳтарам Алӣ Асадов, муовини Сарвазири Русия Марат Хуснуллин, муовини Сарвазир — роҳбари Дастгоҳи Ҳукумати Қазоқистон Галимжан Койшибаев ва меҳмонони олимақом аз дигар давлатҳо, инчунин роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок доранд.


Дар кори форум беш аз 600 нафар соҳибкорону сармоягузорони якчанд давлатҳои олам ва намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ иштирок доранд.
Муаррифии бештари зарфияту фазои мусоиди сармоягузории Тоҷикистон, ҷалби сармоя, ба роҳ мондан ва тақвияти ҳамкорӣ байни ширкатҳои ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ, ҳамчунин фароҳамсозии имконият барои рушди тиҷорати рақамӣ бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат аз ҳадафҳои асосии Форуми «Душанбе –инвест 2023» мебошад.
Форуми мазкур дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо баргузор намудани ҷаласаҳои панелӣ идома меёбад. Мавзуъҳои баррасишаванда дар ин нишастҳо -«Имконоти сармоягузории шаҳри Душанбе», «Саноат- омили асосии рушди иқтисодӣ ва заминаи мусоид барои сармоягузорӣ», «Тоҷикистон- мамлакати энергияи «сабз», иштироки бахши хусусӣ дар рушди энергетика», «Нақши низоми молиявӣ дар рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя», «Рушди иқтисодиёти «сабз», рақамикунонӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Точикистон», «Имконоти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, истеҳсол ва содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ ба бозори ҷаҳонӣ», «Рушди нақлиёт, логистика ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ», «Имконияти сармоягузорӣ дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, дурнамои рушди соҳаи дорусозӣ ва тибби хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра мебошанд.
Интизор меравад, ки дар рӯзи дуюми баргузории форуми мазкур иштирокдорон аз корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Душанбе, Норак ва Турсунзода боздид намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил карда шуд
Ҷашни Тиргон асоси илмиву таърихӣ ва фарҳангиву маънавӣ дорад
Имрӯз дар «Боғи Ирам» ҷашни Тиргон, иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» баргузор мешаванд
Дар Тоҷикистон боғи зардолу чанд гектарро ташкил медиҳад?
Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Рӯзи Ваҳдати миллиро ботантана ҷашн гирифтанд
Пагоҳ дар Душанбе ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Дар Бизнес-форуми Бонки Авруосиёии рушд афзалиятҳои сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Вилояти Хатлон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор менамояд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-и «Чин — Авруосиё» гӯшаи Тоҷикистон ташкил карда шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил намуданд
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона баргузор гардид
Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






