ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дар Душанбе бозиҳои интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби олимпии то 23-сола дар гурӯҳи «I» оғоз мешаванд
ДУШАНБЕ, 06.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои мунтахаби олимпии то 23-сола дар гурӯҳи «I» оғоз мешавад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон, Австралия ва Лаос барои роҳ ёфтан ба қисми ниҳоии чемпионати Осиё байни ҳам мубориза мебаранд. Дар даври аввал- имрӯз, 6 сентябр дастаҳои мунтахаби Лаос ва Австралия байни ҳам вомехӯранд.
Дар даври дуюм- 9 сентябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Лаос бозӣ менамояд. Ва дар даври ниҳоӣ- 12 сентябр дастаи мунтахаби олимпии то 23-солаи Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Австралия бозӣ хоҳад намуд. Ҳамаи вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуда, соати 20:30 оғоз мегарданд. Арзиши чиптаи категорияи якум 50 сомонӣ ва категорияи дуюм 20 сомониро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дар остонаи оғози марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои мунтахаби олимпии то 23-сола дар гурӯҳи «I» дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе ҷаласа баргузор шуд. Дар ҷамъомад масъулини мусобиқот – комиссари КФО Алим Орифов аз Узбекистон, нозири доварон Владислав Сейтлин (Узбекистон), намояндагони кумитаи тадорукоти маҳаллӣ, менеҷерони дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон, Австралия ва Лаос иштирок намуданд. Дар ҷаласа ранги либоси дастаҳои иштирокчӣ низ тасдиқ шуд. Қобили тазаккур аст, ки аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, инчунин 4 даста, ки бо натиҷаи беҳтарин дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 (U-23), ки аз 15 апрел то 3 майи соли оянда дар Қатар баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 (U-23)
Гурӯҳи «I»
Даври 1
6 сентябр (чоршанбе)
Оғоз – соати 20:30
Лаос – Австралия
Даври 2
9 сентябр (шанбе)
Оғоз – соати 20:30
ТОҶИКИСТОН – Лаос
Даври 3
12 сентябр (сешанбе)
Оғоз – соати 20:30
Австралия –ТОҶИКИСТОН
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад






