Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 21.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 21 сентябр Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Директори минтақавӣ оид ба Осиёи Марказӣ Татяна Проскурякова мулоқот намуд.
Дар мулоқот оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар солҳои охир изҳори хушнудӣ гардида, сафари навбатии ҳайати Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои таҳкими ҳамкорӣ дар оянда муҳим дониста шуд.
Айни замон дар доираи ҳамкории дуҷониба татбиқи лоиҳаҳои гуногун идома дорад ва барои равнақи робитаҳо дар доираи татбиқи лоиҳаҳои нав дар соҳаи энергетика изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Равнақи робитаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нави минтақавӣ дар доираи барномаи «энергияи сабз» дар шароити тағийрёбии иқлим ба манфиати ҷомеаи ҷаҳон арзёбӣ гардид.
Робитаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ба рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат нигаронида шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»










Қоҳир Расулзода бо вазири федералии энергетикии Покистон Авайс Аҳмад Хан Леғарӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи Гурӯҳи кории намояндагони мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид
Дар Душанбе рафти татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо Бонки Олмонии рушд баррасӣ гардид
Аҳамияти муҳими «CASA -1000» дар ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ шуд
«Амонатбонк» ҳамкориро бо Бонки кишоварзии Чин тақвият медиҳад
Ҳаракати қатораи мустақими мусофирбар дар масири Душанбе — Москва барқарор карда шуд
Шурои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Барномаи шарикии кишварӣ барои Тоҷикистонро қабул намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.7000 то 10.7772 сомонӣ муқаррар шудааст
Барои ҳаракати нақлиёти боркаши гаронвазн дар роҳҳои мошингард маҳдудият ҷорӣ гардид
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон баргузор шуд
Дар ноҳияи Зафаробод ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо оғоз гардид
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Чилдухтарон форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ баргузор мешавад






