ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 сентябр, ҷумъа, 258-умин рӯзи соли 2023 аст
Дар ин рӯзи соли 1830 дар Англия аввалин роҳи оҳани байналмилалӣ аз Ливерпул ба самти Манчестер кушода шуд.
***
Соли 1916 аввалин маротиба дар таърихи ҷангҳои ҷаҳонӣ дар амалиёти низомӣ танкҳо истифода шуданд.
***
Соли 1917 аввалин шумораи «Форбс» (Forbes) –маҷаллаи молиявӣ-иқтисодии Америка яке аз машҳуртарин нашрияҳои иқтисодӣ дар ҷаҳон аз чоп баромад.
***
15 сентябри соли 1997 домени Google.com ба қайд гирифта шуд.
***
15 сентябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон намудани соли 2010 фармон имзо карданд.
***
14 сол пеш, 15 сентябри соли 2009 Дабири кулли Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ Мартин Марми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро барои хидматҳои махсусан муҳимашон дар рушди нақлиёт ва боркашонии байналмилалӣ бо Ордени ифтихории Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ сарфароз гардонид.
***
15 сентябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 8-уми Кумита оид ба ҳамкории гумрукии барномаи ҳамкории минтақавӣ-иқтисодии Осиёи Марказӣ доир шуд.
***
15 сентябри соли 2011 китоби «Системаи экологии Тоҷикистон» аз чоп баромад.
***
11 сол пеш, 15 сентябри соли 2012 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе маросими супоридани ҷоиза ба ғолибони мусобиқаи «Беҳтарин мол ва хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 дар Қасри Миллат иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар сатҳи олӣ бо иштироки сарони давлатҳои аъзои ин созмон таҳти раёсати Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.
15 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии демократия.
***
Дар Гватемала — Рӯзи истиқлолият.
***
Дар Коста Рика — Рӯзи истиқлолият.