Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати 13-уми ҷаҳон — карате шотокан 7 медал ба даст оварданд

Сентябрь 12, 2023 16:00

ДУШАНБЕ, 12.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 8 то 10 сентябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати 13-уми ҷаҳон — карате шотокан баргузор гардид, ки дар он варзишгарони тоҷик соҳиби 7 медал, аз ҷумла 1 тилло, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Аз ҷумла, Абдулваҳоб Шарапови 18-сола дар вазни 65 кг соҳиби ҷойи якум гардида, Нигина Хайруллоева байни собиқадорони 35-44-сола соҳиби ҷойи 2-юм шуд.

Инчунин Алиҷон Саримсоқов байни собиқадорони 35-44 ва Юнусҷон Негматов байни варзишгарони 10-11-сола дар вазни -34 кг, Оиша Баёдова дар байни варзишгорони 7-9 сола дар вазни -25 кг соҳиби ҷойи 2-юм шуданд.

Варзишгарон Маҳзатулло Муминов ва Алиҷон Саримсоқов байни собиқадорон соҳиби ҷойи 3-юм гардиданд.

Ба ифтихори дастоварди варзишгарони мамлакат Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардошта шуда, Суруди миллӣ садо дод.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 12, 2023 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ГӮШТИН-2026. Загреб мизбони сабқатҳои тарзи озод ва юнонӣ-римӣ мешавад
Чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ дар Познани Полша баргузор мешавад
Чемпионати ҷаҳон оид ба тенниси рӯйи миз дар Лондон баргузор мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои анҷоми машқҳои дастҷамъӣ ба Дубай рафт
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2026» омодагӣ мебинад
Дар шаҳри Саняи Чин Бозиҳои 6-уми соҳилии Осиё оғоз гардиданд
Бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ оғоз шуданд
Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар шаҳри Турсунзода дар сатҳи баланд доир гардид
Ҷудочиёни тоҷик аз Чемпионати Осиё–2026 бо 5 медал ба Ватан баргаштанд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасону ҷавонон баргузор гардид
Дар Хоруғ мусобиқаи вилоятии шоҳмот баргузор гардид