Дар силсиланеругоҳҳои «Варзоб» филиали кафедраи неругоҳҳои электрикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 04.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Байни силсиланеругоҳҳои «Варзоб»-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ шартномаи ҳамкорӣ имзо шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.
Шартномаи ҳамкорӣ 3 октябр зимни шиносоии ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо фаъолияти силсиланеругоҳҳои «Варзоб» – и ҶСК «Барқи Тоҷик» ба имзо расид.
Шартномаи мазкурро ректори донишгоҳ Қудрат Давлатзода ва директори филиали силсиланеругоҳҳои «Варзоб» Ҳабибулло Абдулҳақзода ба тасвиб расониданд, ки он фарогири маҷмуи муносибатҳои илмию таълимӣ ва истеҳсолӣ буда, дар тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ ва омодакунии кадрҳои баландихтисоси ватанӣ дар соҳаи муҳандисӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар доираи шартномаи ҳамкорӣ филиали кафедраи неругоҳҳои электрикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар филиали силсиланеругоҳҳои «Варзоб» – и ҶСК «Барқи Тоҷик» расман мавриди истифода қарор дода шуд. Филиали кафедра бо мақсади иҷрои қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти дуалӣ таъсис дода шуда, дар ин замина кормандону муҳандисони филиали силсиланеругоҳҳои «Варзоб» бо истифода аз иқтидори кадрии донишгоҳ ба даврҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Инчунин қисме аз машғулияти амалии ихтисосҳои энергетикӣ дар ҳудуди филиали силсиланеругоҳҳои «Варзоб» баргузор мегардад.
Ҳоло филиалҳои кафедраҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар ҶСК НБО-и «Роғун», Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи энергетика ва ҶСК «Азот» фаъолият менамоянд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ










НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 36 муассисаи таълимӣ ба таври шартӣ аз аттестатсияи давлатӣ гузаронида шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон шаш ихтисоси нав таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоҳангсози миллии раддабандии байналмилалии «Донишгоҳҳои сабз» интихоб гардид
Дар Тоҷикистон шумораи муассисаҳои томактабӣ бештар гардидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон сатҳи дониш ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ баланд гардидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Комиссияи олии аттестатсионӣ 13 Шурои экспертӣ фаъолият доранд
Соли равон 85 хатмкунандаи Академияи идоракунии давлатӣ соҳиби дипломи аъло шуданд
Дар Душанбе вазъи омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи металлургия баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии кооператсия дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Соли равон 12 номгӯй китоби дарсӣ барои синфҳои 5-6 нашр карда мешавад
Имрӯз даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ оғоз гардид






