ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъвати ҳарбиро пурра иҷро намуданд

Октябрь 1, 2023 13:25

РАШТ, 01.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Тоҷикистон ба пеш!» маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД.

Дар майдони қисми ҳарбӣ даъватшавандагон аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ба таври ихтиёрӣ барои шомил шудан ба сафи Артиши миллӣ ҳозир гардиданд, ки дар натиҷа ноҳияҳои Сангвор, Лахш, Тоҷикобод, Нуробод ва Рашт нақшаи даъвати ҳарбиро пурра иҷро намуданд.

Дар ҳамоиш раисони ноҳияҳои минтақаи Рашт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, падару модарони даъватшавандагон ва собиқадорону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуда, бо баргузор намудани маросими «кулчагазон» наваскаронро гусел намуданд.

Раиси ҷамоати шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод Шамсияи Назригул иброз дошт, ки «фарзанди ман Рустамҷон Сиямардов мисли шумо ҷавонмардона ба сафи Артиши миллӣ шомил гардиду бо сари баланд даъвати Модар — Ватанро адо менамояд. Ба ҳайси як модар гуфта метавонам, ки имрӯзҳо дар қисмҳои низомӣ беҳтарин шароит муҳайё гардидааст ва ҳамеша афсарону роҳбарон аз ҳоли сарбозон бохабар ҳастанд. Бояд падару модарони азиз масъулият ҳис намуда, барои ҳифзи нангу номуси миллии хеш фарзандонашонро барои хизмати Ватан-Модар фиристанд ва қарзи мардонагии хешро дар назди Ватан иҷро намоянд».

Даъватшавандагони ноҳияҳои минтақаи Рашт гуфтанд, ки дар ноҳияҳои минтақа чун анъана ва бе таъсиррасонии шахси дуюму сеюм ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Артиши миллӣ шомил мегарданд.

«Мо ҳам мисли дигар ҷавонмардони Ватан ихтиёрона ба Артиши миллӣ сафарбар мегардем. Бояд гуфт, ки аз масъулиятшиносии мо ҷавонон, ҳамасола сари вақт нақшаи даъвати ҳарбӣ дар ноҳияҳои минтақа сад фоиз иҷро мегардад. Мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки сарбаландона Ватани хешро ҳифз намуда, ба назди падару модар бармегардем», — иброз доштанд даъватшавандагон.

Дар ҳамоиши мазкур ба 140 даъватшаванда, ки курси ронандагии ТҶММ «Мададгори мудофиа»-ро аз ҳисоби Вазорати мудофиа ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои минтақаи Рашт хатм намуда, барои ба сафи Артиши миллӣ шомил шудан ихтиёран ариза навишта буданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуд.

Модарони даъватшавандагон изҳор доштанд, ки «имрӯз мо модарон аз он ифтихор менамоем, ки фарзандони мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, барои ҳифзи марзу буми Ватани азизамон камари ҳиммат бастаанд ва ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ шомил гардиданд. Мо, модарони Раштонзамин сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатро содиқона дастгирӣ намуда, фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ тарбия менамоем. Имрӯз мебинем, ки чӣ гуна фарзандони мо масъулияти ватандориро ҳис намуда, бо сари баланд ба сафи Артиши миллӣ шомил мегарданд».

Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ дастаи ҳаваскорони бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои минтақаи Рашт барномаи ҷолиби консертиро манзури модарону наваскарон намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар

 

Октябрь 1, 2023 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон даҳсолаҳо боз дар сафи пеши муқовимат бо терроризми байналмилалӣ қарор дорад
Дар Душанбе даври дуюми музокироти Тоҷикистон ва Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷират доир гардид
Дар Бадахшон 30-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таҷлил шуд
Президенти Тоҷикистон: «Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ бояд аз таърихи ибратомӯзи миллати тоҷик сабақи ҷоннисориву мардонагӣ омӯзанд»
Тоҷикистон беш аз се даҳсола инҷониб дар пешгирии паҳншавии хатари терроризм ба минтақа ва ҷаҳон нақши калидӣ мебозад
Дар қисми низомии мустақар дар вилояти Суғд Рӯзи марзбонон таҷлил карда шуд
Дар Душанбе вохӯрии дуҷонибаи вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия доир гардид
КОРНАМОИҲОИ ФАРЗАНДОНИ САРСУПУРДАИ МИЛЛАТ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАНД. Эҳдо ба 30-солагии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ НИШОНИ ВОЗЕҲИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИ ТОҶИКОН МЕБОШАД». Иқтибос аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯз Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард
Ҳамкории Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Хатлон ва Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Шанхайи Чин тақвият меёбад
НАДОНИСТАНИ ҚОНУН ҶАВОБГАРИРО ИСТИСНО НАМЕКУНАД! Ахбороти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳои террористӣ-экстремистие, ки фаъолияташон дар Тоҷикистон манъ карда шудааст